Май 01, 2022 13:24 Asia/Dushanbe
  • Ӯ афзӯд: Давлати иёлоти Муттаҳида ҳазинаи болгардҳоро пардохт кардааст
    Ӯ афзӯд: Давлати иёлоти Муттаҳида ҳазинаи болгардҳоро пардохт кардааст

Мақомоти Узбакистон мегӯянд, ки даҳҳо болгардҳои артишии ҳукумати пешини Афғонистонро, ки пас аз суқути Кобул ба он кишвар интиқол дода шуда, ба ҳукумати Толибон таҳвил намедиҳад.

Ба гузориши  Садои Хуросон, Исматуллоҳ Эргашов намояндаи вижаи Узбакистон дар умури Афғонистон гуфт: Болгардҳо мутаълиқ ба Амрико аст ва ба Кобул боз нахоҳанд гашт.

Ӯ афзӯд: Давлати иёлоти Муттаҳида ҳазинаи болгардҳоро пардохт кардааст.

  • Исматуллоҳ Эргашов изҳор кард мо муътақидем, ки ин комилан ба Вашингтон вобастагӣ дорад, ки бо онҳо чӣ мекунад.

Дипламати узбакистонӣ гуфт: Узбакистон ин таҷҳизоти низомиро дар тавофуқ бо иёлоти Муттаҳида нигаҳ доштааст.

Мақомҳои дифоъии Амрико низ таид кардаанд, ки Узбакистон ва Тоҷикистон ҳеҷ барномае барои таҳвили болгардҳои  ҳукумати пешини Афғонистон ба Толибо надоранд.

Роб Людвик, яке аз сухангӯёни Вазорати дифои Амрико ҳам гуфт: 46 фарванд болгардҳои Афғонистон дар Узбакистон ва 18 фарванд дар тоҷикистон аст.

Ба гуфтаи ӯ ин болгардҳо шомили болгардҳои Mi-17 UH-60ва ҳамчунин ҳавопаймоҳои боли собит AC-208,  C-208/,  PC-12  ва  A-29 аст.

Аммо Толибонин таҷҳизотро дороии умумии мардуми Афғонистон медонанд ва борҳо аз ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Узбакистон хостаанд, ки онҳоро бозгардонанд.

Мулло Муҳаммадяъқуб, сарпарасти Вазорати дифоӣ Толибон ба тоҷикисто ва Узбакистон ҳушдор дода гуфта буд, ки ҳеҷ кишваре ҳақ надорад, ки болгардҳои Афғонистонро назди худ нигаҳ дорад ё аз он истифода кунад: Бо бисёр эҳтиром аз онҳо тақозо мекунам, ки сабри моро наозмоянд ва моро маҷбур насозанд, ки то ҳадди тавон даст ба амали мушобеҳ бизанем.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп