Тавофуқи ҳамокрии Узбакистон ва Русия
(last modified Mon, 02 May 2022 15:58:07 GMT )
Май 02, 2022 20:58 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи ҳамокрии Узбакистон ва Русия
    Тавофуқи ҳамокрии Узбакистон ва Русия

Густариши ҳамкориҳои Узбакистон ва Русия дар қолаби ҷомеъаи ҳамсуд ва СҲШ дар гуфтугӯи телефонии мақомоти ду кишвар мавриди барраси қарор гирифт.

Русия яке аз бузургтарин ҳамкорони иқтисодӣ ва бозаргонии Узбакистон аст, мубодилоти бозаргонии ин ду кишвар дар соли 2021 дар сатҳи 7 миллиарду 517 миллион доллар қарор гирифта аст.

Русия истиқлоли Узбакистонро дар моҳи марти соли 1992 ба расмият шинохт ва дар ҳамин рӯз байни ду кишвар равобити дипломати барқарор шуда аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Сардор Умурзоқов, муъовини нахуствазири Узбакистон ва Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар гуфтугӯи телефонӣ бар густариши мушорикати дуҷониба дар заминаҳои мухталиф байни ду кишавар таъкид карданд.

Дар ин гуфтугӯ дар бораи равобити дуҷониба дар ҳавзаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва ҳамчунин раванди иҷрои тавофуқоти ба даст омада дар чорчуби сафари Шавкат Мирзиёев, раиси Ҷумҳурии Узбакситон дар ноябри соли 2021 башаҳри Маскав ройзани шуд.