Май 05, 2022 18:03 Asia/Dushanbe
  • Сардор Бердимуҳаммадов: Давлати Туркманистон ҳуқуқи шаҳрвандони ин кишварро тазмин мекунад
    Сардор Бердимуҳаммадов: Давлати Туркманистон ҳуқуқи шаҳрвандони ин кишварро тазмин мекунад

Раиси Ҷумҳурии Туркманистон гуфт: Давлату кишвар риъояти дақиқи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро бар асоси қонуни асосӣ тазмин мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Сардор Бердимуҳаммадов, раиси Ҷумҳурии Туркманистон дар нишасти раисон ва мудоирони манотиқи кишвар пешниҳоди сохти масҷидҳои ҷадидро тайид карданд.

Бердимуҳаммадов бо ишора ба ин ки сохти масҷидҳо як иқдоми шариф талқи мешавад, дастур дод то бо баровард кардани хостаҳои мардум иқдоми лозимро анҷом диҳанд.

Вай таъкид кард: Давлати Туркманистон риъояти дақиқи ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон дар чорчуби қонуни асосӣ аз ҷумла озодии мазҳабро тазмин мекунад ва имрӯз биноҳои мазҳаби дар хидмати тақвияти ҳамоҳангии шаҳрванди дар ҷомеъа тадовуми одоб ва суннатҳои чансадсолаи миллат ҳастанд.

Қарор аст масҷидҳои ҷадид ва ошхонаҳои дастаҷамъӣ дар шаҳри Оноу аз устони Охол ва дар шаҳри Хазар аз устони Болкон дар минтақаи Руҳублант аз устони Донишоғуш дар минтақаи Давлати Ли аз устони Лабоб ва дар шаҳри Шодлик дар устони Марва сохта шавад.

 

Барчасп