Тошканд мизбони ҳамоиши гардишгарии кишварҳои узви Шанхай
Ҳамоиши гардишгарии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай рӯзҳои 19 ва 20 майи соли 2022 мелодӣ дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ҳамоиши гардишгарии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай таҳти унвони «Марҳилаи ҷадиди ҳамкории кишварҳои узви СҲШ: гардишгарӣ ва мероси фарҳангӣ» рӯзҳои 19 ва 20 майи соли 2022 мелодӣ дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад.
Ин ҳамоиш бо ҳузури маҳофили донишгоҳиву тиҷорӣ ва ҳамчунин намояндагони санъати гардишгарии Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор мешавад. Дар ин ҳамоиш мавзуоти рӯзи гардишгарии байналмилалӣ, ҳифзу таъмими мероси фарҳангии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ва низ густариши ҳамкориҳои илмиву фаннӣ дар заминаи гардишгарӣ ва мероси фарҳангӣ баррасӣ хоҳад шуд.
Тибқи ин гузориш, дар ин дидорҳо руасои созмонҳои гардишгарӣ ибтикороти муштаракеро барои суръат бахшидани азсаргирии сафарҳои гардишгарӣ, тарҳҳову барномаҳои ҷадид, ки нақши гардишгариро ба унвони муваллиди рушди иқтисодӣ афзоиш медиҳад, баррасӣ хоҳанд кард.
Ширкаткунандагони ин ҳамоиш ҳамчунин тарҳҳои қарордодҳои густариши ҳамкориҳо дар заминаи гардишгарӣ ва тафоҳумномаи ҳамкорӣ дар заминаи музей байни кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхайро ҳамоҳанг мекунанд.
Созмони Ҳамкории Шанхай як созмони байналмилалии байнидавлатӣ аст, ки дар таърихи 15 июни соли 2001 мелодӣ дар Шанхайи Чин аз сӯйи Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон таъсис шудааст. Ҳамакнун Эрон низ дар ҳоли тай кардани мароҳил ва фарояндҳои узвияти доим дар Созмони Ҳамкории Шанхай аст.