Май 11, 2022 15:24 Asia/Dushanbe
  • Таҳкими равобит - меҳвари ройзании руасои ҷумҳурии Узбакистону Қазоқистон

Руасои ҷумҳурии Узбакистону Қазоқистон телефонӣ гуфтугӯ карданд.

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбакистон ва Қосим Жоомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон дар тамоси телефонӣ таҳкими беш аз пеши равобити ҳамкориҳои ҳамаҷониба, шарокати роҳбурдӣ ва ҳампаймонӣ байни ду кишварро баррасӣ карданд.

Руасои ҷумҳурӣ бо ризоятмандӣ бар афзоиши мубодилоти бозаргониву сармоягузориҳо, равобити муассир дар сатҳи парлумон, давлат ва манотиқ таъкид карданд.

Дар ин тамоси телефонӣ барои пешбурди иҷрои тарҳҳову барномаҳои муштарак дар заминаҳои тиҷорат, ҳамкории саноатӣ, ҳамлунақл, энержӣ, зербиноҳо ва дигар абъоди авлавиятдор тавваҷуҳи хос шуд.

Арзиши мубодилоти бозаргонии ду кишвари Узбакистон ва Қазоқистон соли 2021 мелодӣ 3 миллиарду 900 миллион доллар буд.

 

Барчасп