Таҳлил: Нуҳумини нишасти вузарои ҳамлу нақли Шанхай дар Узбакистон
(last modified Mon, 16 May 2022 05:20:56 GMT )
Май 16, 2022 10:20 Asia/Dushanbe
  • Эрон низ дар ҷараёни нишасти Душанбе, ба узвияти доимии ин Созмон даромадааст
    Эрон низ дар ҷараёни нишасти Душанбе, ба узвияти доимии ин Созмон даромадааст

Нуҳумин нишасти вузарои ҳамлу нақли кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Хиваи Узбакистон баргузор шуд.

Дар ин нишаст, ки ба раёсатии вазири ҳамлу навқли Узбакистон баргузор шуд ,ҳайатҳои намояндагии 8 кишвари узви ин Созмон аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон ширкат  карданд. Аз ҷумлаи мавзӯоъте, ки дар нишасти Хева барраси шуд, Тақвияти ҳамкориҳои мутақобили кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар бахши ҳамлу нақл ва транзит, густриши танавуъбахши каридурҳои ҳамлу нақлӣ ва истифодаи муасир аз фурсатҳои мавҷӯд дар тӯли масирҳои ҳамлу нақли ин Созмон буд.

Илҳом Маҳкамов вазири ҳамлу нақли Узбакистон дар ҷараёни нишасти Хева, дар суханоне тасреҳ кард: Истифодаҳои муасир аз зарфиятҳои бузург ва коромади ҳамлу нақл ва транзити Созмони Ҳамкории Шанхай, яке аз авлавиятҳои калидии давлати Тошканд дар ин Созмон талқи мешавад.

Пеш аз ин баргузории нишасти ХИва, Шавкат Мирзиёев раиси ҷумҳӯри Узбакистон дар ибтикори вижа, пеш нависи стратежии ҳамкории кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар заминаи ба ҳам пайвастагӣ ва эҷоди каридурҳои ҳамлу нақлро таҳия ва танзим кардааст.

Бо таваҷӯҳ ба вусъати ҷамъият ва маҳдудаи ҷуғрофиёии Созмони Ҳамкории Шанхай, коршиносон аҳамияти ҳамкории миёни кишварҳои узви ин Созмонро унвони яке аз авлавиятҳои муҳим талқи карда ва бар аҳамияти ин авлавият таъкид мекунанд.

Маҳдӯдаи ҷуғрофиёии Созмони Ҳамкории Шанхай шомили 60 миллион киламетри мурабаъ ва  ҷамъияти болиғ бар 3 миллиард нафар аст. Дар ҳақиқат бояд гуфт, наздик ба як саввум аз масоҳат ва ҷамъияти ҷаҳон дар чорчӯби Созмони Ҳамкории Шанхай қарор доранд. Ба ҳамин далел, ҳамлу нқл ва транзитро бояд авлавиятҳои асосии ин Созмон қаламдод кард.

Ногуфта намонад, ки Созмони Ҳамкории Шанхай ибтидо ба манзури муқобила бо таҳдидҳои амниятии ҷадид дар қарни бисту якуми мелодӣ таъсис шуд. Аммо ин Созмон бар асоси бархе авлавиятҳои ҷаҳони муъосир, ҳамкориҳои худро аз амниятӣ ва низомӣ ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ ва умури фарҳангӣ тағир додааст.

Созмони ҳамкории Шанхай нахустинбор ба унвони гурӯҳи Шанхай-5 дар соли 1996 мелодӣ по ба асраи вуҷӯд гузошт. Панҷ сол баъд яъне дар соли 2001 мелодӣ бо аҳдофи хос ва вижае таъсиси расмии худро эълом кардааст.

Дар ҳақиқат Созмони Шанхай як Созмони байни давлатие аст, ки дар таърихи 15 июли соли 2001 мелодӣ дар Шанхаи Чин таъсис шудааст. Илова бар Чин, Русия, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон низ ба ин Созмон пайвастаанд. Дар соли 2017 мелодӣ Ҳинд ва Покистон низ ба узвияти доимии ин Созмон даромаданд.

Эрон низ дар ҷараёни нишасти Душанбе, ба узвияти доимии ин Созмон даромадааст.

Бо таваҷҷӯҳ ба аҳамият ва ҳамлу нақл ва транзит, пайвастани Эрон ба Созмони Ҳамкории Шанхай барои Теҳрон ва аъзои ин Созмони байналмиллалӣ аз аҳамияти вижае бархурдор аст. Ба тавре. ки бисёре аз коршиносон, Эронро ҳалқаи мафқудаӣ Созмони Ҳамкори Шанхай медонистанд.

Дар ин иртибод Майис Қурбонов коршиноси рус дар умури Ғарбӣ Осиё, муътақид аст: Узвияти Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай сабаби тақвияти ҳарчӣ бештари ин Созмон ва афзоиши этибор ва ваҷҳаи он дар арсаи байналмиллалӣ талқи мешавад.

Дар ҳамин иртибот  Антон Хлопков мудири энергӣ ва амниятии Русия ва коршиноси ин кишвар дар умури Созмонҳои минтақаӣ ва байналмиллалӣ низ гуфтааст: Ҳузӯри Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай  натанҳо заминаи тақвияти тиҷорати колоҳои нафтӣ ва ғайри нафтӣ ва мубодилоти молӣ миёни ин кишварҳоро имконпазир месозад, балки ба унвони як кишвари соҳиб манобеъи азими газ ва нафт, ин зарфиятро дорад, ки ба унвони конуни таъмини энергии кишварҳои узвӣ Шанхай ва минтақа ифои нақш мекунад.

Дар ҳақиқат  иловабар имокони мушорикати густарда ва муҳим дар бахши  ҳамлу нақл ва транзит, Эрон дар заминаи энергӣ низ метавонад бо аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай мусоидат дошта бошанд. Дар воқеъ Эрон муҳимтарин узви Созмони Ҳамкории Шанхай маҳсуб мешавад, ки метавонад дастрасии дигари аъзои ин Созмони муҳимро бароқарор ва тасҳил намояд.

Ин дар ҳоле аст, ки ҳамкории  Эрон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Чин дар чочӯби Роҳи навини Абрешим, бисёр аз замингаҳои ҳамкориҳои мутақобили кишварҳои узви ин Созмонро дар умури иртиботӣ ва транзетӣ тасҳил мекунад. Бадеҳи аст,ки ин амр аз аҳамияти зиёде барои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай бархурдор аст.

Тардиде нест, ки Созмони Ҳамкории Шанхай намоде аз занҷираи ҳамгароии минтақаӣ дар Осиё ба шумор меравад, ки бидуни узвияти доими Эрон бо муваффақияти  жеустратежик ва женуэканамики мунҳасир ба фард, ки дар Осиё дорад ҳалқаҳои он комил намешуд.

Бештар бихонед: