Май 16, 2022 15:22 Asia/Dushanbe
  • Мақоми қирғиз: Амрико Русияро ҳадаф гирифта, аммо ба мо зарба мезанад

Муовини нахуствазири Қирғизистон гуфт, Амрико Русияро ҳадаф гирифта, аммо дар воқеъ ба мо зарба мезанад.

Ба гузориши “Форс”, Одил Бойсалов, муовини нахуствазири Қирғизистон бо ишора ба дидори аъзои кабина бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ изҳор дошт, чанд рӯзи пеш ҳайати бузурге аз Бонки Ҷаҳонӣ вориди Қирғизистон шуд.

Бойсалов гуфт: Оқилбек Ҷабборов, нахуствазири Қирғизистон, ки ахиран ба Вашингтон сафар кардааст, ҳайати Бонки Ҷаҳониро бисёр таҳти таъсир қарор додааст. Барои аввалин бор дар ду соли гузашта ҳайати мо дар як рӯйдоди байналмилалӣ ҳузур ёфтанду мақомоти Амрико дарёфтанд, ки як тими қудратманд ба ҳукумат расидааст. Онҳо албатта бо бисёре аз масоил мухолиф ҳастанд. Ҳайати мо таъкид карда, ки 30 сол ба шумо гӯш додем, аммо мутаасифона ҳеҷ иттифоқи хубе науфтод ва акнун як давлати мардумӣ эҷод хоҳем кард.

Вай хотирнишон кард, Қирғизистон ба шиддат ба авомили хориҷӣ, ба вижа дар мавриди интиқоли пул ба Русия вобаста аст.

Бойсалов афзуд, аз ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ хостем ба Вашингтон ин мавзуро мунтақил кунад, ки вақте бо кишвари хосе таниш эҷод мекунад, дар воқеъ моро ду баробар муҷозот мекунад.