Нишасти Остона барои ҳалли буҳрони Сурия охирҳои хурдод (июн) баргузор мешавад
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i86334-Нишасти_Остона_барои_ҳалли_буҳрони_Сурия_охирҳои_хурдод_(июн)_баргузор_мешавад
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Қазоқистон таърихи баргузории даври баъдии нишасти Остонаро эълом кард.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Май 25, 2022 14:53 Asia/Dushanbe
  • Нишасти Остона барои ҳалли буҳрони Сурия охирҳои хурдод (июн) баргузор мешавад

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Қазоқистон таърихи баргузории даври баъдии нишасти Остонаро эълом кард.

Қазоқистон даъватномаҳоеро барои мақомоти Туркия, Русия ва Эрон фиристодааст.

Ойбек Самадёров, сухангӯи Вазорати хориҷаи Қазоқистон гуфт, даври баъдии нишасти Остона дар бораи Сурия аз 14 то 16 июн (24 то 26 хурдод) дар Нурсултон, пойтахти Қазоқистон баргузор хоҳад шуд.

Вай таъкид кард, барои ҳамаи кишварҳои зомини раванди Остона ва дигар ширкаткунандагон даъватнома фиристода шудааст.