Май 25, 2022 14:53 Asia/Dushanbe
  • Нишасти Остона барои ҳалли буҳрони Сурия охирҳои хурдод (июн) баргузор мешавад

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Қазоқистон таърихи баргузории даври баъдии нишасти Остонаро эълом кард.

Қазоқистон даъватномаҳоеро барои мақомоти Туркия, Русия ва Эрон фиристодааст.

Ойбек Самадёров, сухангӯи Вазорати хориҷаи Қазоқистон гуфт, даври баъдии нишасти Остона дар бораи Сурия аз 14 то 16 июн (24 то 26 хурдод) дар Нурсултон, пойтахти Қазоқистон баргузор хоҳад шуд.

Вай таъкид кард, барои ҳамаи кишварҳои зомини раванди Остона ва дигар ширкаткунандагон даъватнома фиристода шудааст.