Дидори мақомоти Туркманистон ва Созмони Милали Муттаҳид
(last modified Mon, 30 May 2022 03:42:57 GMT )
Май 30, 2022 08:42 Asia/Dushanbe
  • Дидори мақомоти Туркманистон ва Созмони Милали Муттаҳид

Дар дидори намояндагони Туркманистон ва Созмони Милал бар афзоиши ҳамкориҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ таъкид шуд.

Ба гузориши “Форс”, намояндаи доими Туркманистон дар дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Вена бо Герд Мюллер, мудири кулли тозамансубшудаи Созмони тавсеаи санъатии СММ (ЮНИДО) мулоқот кард.

Дар ин дидор мавзуоти ҳамкориҳои дуҷониба бо ин созмон, ба вижа пружаҳои дар дасти иқдом ва ҷадиду фаъолиятҳои муштарак дар ҳавзаи энержии ҳидроженӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Мюллер бо ишора ба ин ки ЮНИДО барои равобит бо Туркманистон аҳамияти зиёде қоил аст, ба тақвияти ҳамкориҳо дар манотиқи зинафъ ишора кард.