Музокироти коргурӯҳи нақшабардории марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Нишасти 5 рӯзаи гурӯҳҳои нақшабардории Тоҷикистону Қирғизистон ба манзури мушаххас кардани хутути марзии ду кишвар бо имзои ёддошти тафоҳум дар шаҳри Бишкек ба поён расид.
Ба гузориши сомонаи вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, тибқи нақша-чорабинӣ барои соли 2022 аз 25 то 30 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифт.
Ба иттилои манбаъ, аз 25 то 30 май дар шаҳри Бишкек ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои Ҳукумати Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузории марз баргузор гардид.
Вазорат аз баргузор шудани ин ҷаласа танҳо як хабари кӯтоҳ нашр намудааст ва ҷузъиёти бештарро ифшо накардааст.
Танҳо зикр шудааст, ки ҷаласа дар фазои дӯстӣ сурат гирифт ва интизор меравад, ояндаи наздик як ҷаласаи дигар дар Тоҷикистон сурат гирад.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки ҳоло танҳо ҳудуди 519 километри он муайян шудааст.
Ёдовар мешавем, ки баъд аз муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ дар рӯзҳои 28-29 апрели соли гузашта марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон аз 24 майи соли 2021 то ҳол бастааст.
Бештар бихонед:
- Дастёбии Тоҷикистону Қирғизистон ба тавофуқи усӯлӣ барои ҳаллу фасли ихтилофи марзӣ
- Вазири хориҷаи Қирғизистон: То ҳали ихтилофоти марзӣ бо Тоҷикистон фосилаи зиёде вуҷӯд дорад