Июн 08, 2022 17:04 Asia/Dushanbe
  • Се роҳкор барои ҳалли ихтилофоти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон
    Се роҳкор барои ҳалли ихтилофоти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон

Корманди аршади донишгоҳи улуми сиёсии Вазорати хориҷаи Русия барои ҳалли ихтилофоти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон се роҳкор пешниҳод кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Евгений Каренев муътақид аст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон бо истифода аз ин се роҳкор метавонанд ба ихтилофоти марзии беш аз 30 солаи марзӣ ду кишвар поён диҳанд.

Ба гуфаи вай роҳкори нахуст назорати бештар бар манотиқи марзӣ аст, ки Тоҷикистон ба далели вазъияти амниятӣ дар марзи муштарак бо Афғонистон маҷбур аст нерӯҳои худро дар ин самт истифода кунад. Роҳкори дувум имзои созишномаи баландмуддати ҳамкор миёни нерӯҳои марзбонии ду кишвар мебошад, ки то ба ҳол танҳо дар бораи поёни даргириҳо тавофуқ мешавад ва тақрибан ҳар ҳафта дубора танишҳои нав дар марзи муштараки ду кишвар рух медиҳад.

Таърихи наздик ба 30 сол музокироти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон нишон медиҳад, ки ин ду кишвар бедуни кумаки ҷониби севвум қодир ба ҳалли ихтилофти марзӣ нестанд ва бояд аз нуфузи Русия барои поён додан ба ин буҳрон истифода кунанд, ки ин роҳкори севвум ба ҳисоб меояд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон дорои 976 километр марзи муштарак ҳастанд, ки танҳо бар сари аломатгузории 520 километр тавофуқ шуд ва аз як соли қабл марзи заминии ин ду кишвар дар пайи даргири низомии моҳи апрлеи соли 2021 баста шуда аст.

Бештар бихонед:

Барчасп