Ноябр 29, 2016 10:41 Asia/Dushanbe
  • Тирандозӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Марзбонии Қирғизистон аз вуқуи тирандозӣ дар марзи муштараки ин кишвар бо Тоҷикистон хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, ба нақл аз сайти “СА-нюс”, дар баёнияи Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон таъкид шудааст, ки гурӯҳи марзбонии Тоҷикистон соати 8:25 дақиқаи субҳи 28-уми ноябр бо вуруд ба минтақаи марзии аломатгузоринашуда миёни ду кишвар, дар наздикии фармондории Самарқандӣ, аз тавобеи вилояти Ботканд, иқдом ба се мавриди тирандозии ҳавоӣ кардааст.

Марзбонони қирғиз низ дар посух ба ин иқдоми ҳамтоёни тоҷики хеш шиллики ҳавоӣ кардаанд, ки дар ин тирандозиҳо ба ҳеч кас осеб нарасидааст.

Бар асоси ин гузориш, пас аз ин ҳодиса мақомоти марзбонии ду кишвар бо баргузории дидоре ин мавзӯро баррасӣ кардаанд.

Дар ин дидор тасмим гирифта шудааст, ки ба далели аломатгузорӣ нашудани ин минтақа аз марзи муштараки Қирғизистону Тоҷикистон, гурӯҳҳои гаштии марзбонии ин ду ҷумҳурӣ бояд то фосилаи 100 метрӣ аз ин хутути шартии марзӣ ҳаракат кунанд. Ҳамчунин барои фармондеҳони воҳидҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳадафи ошноии бештар бо авзои манотиқи аломатгузоринашуда дар вилоятҳои Суғду Ботканд давраҳои омӯзишӣ баргузор хоҳад шуд.

Аз 976 километр марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон дар беш аз ду даҳаи музокироти дуҷониба то кунун фақат 520 километр аломатгузорӣ шудааст.

 

Барчасп