Июн 15, 2022 09:55 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 10 баробарии сармоягузории Русия дар Қирғизистон

Муовини Ожонси сармоягузории миллии Қирғизистон гуфт, бар асоси натоиҷи соли гузашта сармоягузории Русия 10 баробар афзоиш доштааст.

Ба гузориши «Форс», Нуродил Боёсов, муовини мудири Ожонси сармоягузории миллии Қирғизистон дар нишасте бо ҳузури ширкатҳои русӣ дар Бишкек гуфт: Арзиши кулли сармоягузорӣ дар Қирғизистон дар соли гузашта аз як миллиард доллар гузашт, ки бахше аз он аз тариқи ширкатҳои Русия будааст.

Ин мақоми қирғиз идома дод: Пӯёии иқтисод ниёзманди сармоягузорӣ аст ва мо дар ин замина иқдомоти мухталиферо иҷро кардем.

Ӯ гуфт, Русия шарики роҳбурдии Қирғизистон аст ва ҳар сол мизони сармоягузориҳои ин кишвар рӯ ба афзоиш аст.