Июн 19, 2022 08:07 Asia/Dushanbe
  • Камобӣ мушкили солҳои ояндаи Қазоқистон

Ба назари коршиносони Вазорати муҳити зисти Қазоқистон солҳои оянда на танҳо бо камбуди газу барқ ,балки бо камбуд об ҳам мувоҷеҳ мешавад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Эрлан Кошонов-раиси маҷлиси Қазоқистон зимни эъломи ин матлаб дар нишасти кумитаи манобеи оби ин кишвар гуфт : Рушди ҷамъият, вижагиҳои тавсеаи иқтисодӣ ва гармояши ҷаҳонӣ мунҷар ба камбуди об дар ин кишвар хоҳад шуд .
Бинобар суханони вай  то соли 2040  масрафи об дар Қазоқистон 46 дарсад рушд мекунад ва эҳтимолан камбуди шадиди обро пешбинӣ карданд .
Ҷамъияти Қазоқистон то аввали соли 2022 бо афзоиши 1.3 дарсадӣ ба 19.12 миллион нафар расидааст .
 

 

Барчасп