Таҳлил: Қатори Қазоқистон- Туркманистон-Эрон намунаи муваффақи ҳамкории минтақаӣ
(last modified Mon, 20 Jun 2022 06:51:13 GMT )
Июн 20, 2022 11:51 Asia/Dushanbe
  • Сармоягузори дар заминаи хутути рели, як иқдоми олӣ барои афзоиши рушди иқтисоди ҷаҳонӣ аст
    Сармоягузори дар заминаи хутути рели, як иқдоми олӣ барои афзоиши рушди иқтисоди ҷаҳонӣ аст

Роҳи оҳани Қазоқистон- Туркманистон-Эрон, роҳгушои бунбасти жеополетикии Осиёи Марказӣ аст.

Муҳаммадгелди Сардоров вазири дороӣ ва иқтисодӣ Туркманистон дар конфронси байналмиллалии Сангпетербург аз хати роҳи оҳани ин кишвар бо Қазоқистон ва Эрон ба унвони намунаи муваффақи ҳамкории тиҷорӣ дар Авра Осиё ном бурд. Рӯзи 18-уми июн ( баъд аз ин суханронӣ) як ром қатори континери транзети бо мабдои Қазоқистон пас аз убур аз Туркаманистон вориди Эрон ва сипас роҳиии Туркия шуд.

Тавофуқномаи хати оҳани Қазоқистон- Туркманистон-Эрон ба тӯли 926 килламетр, тавассути руасои ҷумҳӯри ин секишвар дар октиябри 2007 имзо ва сохти он аз соли 2009 оғоз шуд. Ин хати рели дар декабри 2014 бо ҳузури руасои ҷумҳӯри секишвар ба баҳра бардорӣ расид. Пас аз ифтитоҳи он, Чин низ ба ин масир пайваст ва соли 2016 қаторҳои ҳомили континери аз тариқи ин каридур тардид кард. Аммо андаке баъд ба далели адами ташобеҳи зерсохтӣ дар ин кишварҳои масир,  назири паҳн будани роҳи оҳани Туркманистон ва ҳамчунин фиқдони пулҳои лозим, мубодилаи коло ва ҷобаҷоии вагонҳо ба  мушкил бархурд. Аммо дар натиҷаи ислоҳоти зерсохти ва тафоҳумномаи сеҷониба рели ноябри 2021 байни Ҷуҳӯрии Исломии Эрон, Туркманистон ва Қазоқистон ин масир фаъол шуд.

Роҳи оҳани Туркманистон- Қазоқистон-Эрон беш аз 600 килламетр аз тӯли масири ҳамлу нақли байналмиллалии кишварҳои Муштаркулманофеъ то Халиҷи Форс ва Аврупоро коҳиш медиҳад. Ин хати оҳан тасриъ ва тасҳил дар мубодилоти ҳавзаи рели бо кишварҳои Иттиҳодияи кишварҳои мустақили Муштаракулманофеъ (CIS)  ва эҷоди иштиғоли пойдор ва тавсиаи пойдор дар манотиқи Қазоқистон ва Туркманистонро дар пай дорад.

Башора Ҳано устоди донишгоҳ ва коршиноси масоили иқтисоди байналмиллалӣ дар ин робита гуфт: Сармоягузори дар заминаи хутути рели, як иқдоми олӣ барои афзоиши рушди иқтисоди ҷаҳонӣ аст, ба гунае, ки ин бахш муваффақиятомезтарин роҳ бо амнияти болост.  Ҳамчунин ҳамлу нақли замини  аз тариқи       хутути релии имрӯз ба  шараёни аслии иқтисоди бештарин кишварҳо табдил шудааст. Чаро, ки ҳамлу нақли ҳавоӣ ва дарёӣ ҳазинаҳоро ба мизони 40 дарсад коҳиш медиҳад.

Хати рели байни Қазоқистон, Туркманистон ва Эрон ба лиҳози сиёсӣ ва жиополетики ҳам боиси гушоиши бунбасти  жеополетики Осиёи Марказӣ мешавад.

Дар ин робита Назар Диаб мутахаксиси идғоми иқтисоди минтақаӣ дар камисиюни иқтисодӣ ва иҷтимоъии Созмони Миллали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнусия гуфт, кишварҳое дар ҳоли тавсиаи маҳсур дар хушкӣ, дар мавқияти сахте қарор доранд зеро воридот ва содироти онҳо бояд аз тариқи кишварҳои   соҳилии ҳамсоя убур кунад то ба бандарҳои транзети бирасад. Аз ин рӯ каридури ҳамлу нақли рели байни       Қазоқистон Туркманистон ва Эрон ки чунин дастрасиро мумкин месозанд боиси гушоиши жеополетикии ин манотиқи маҳсур дар хушкӣ мешавад.

Яке дигар аз осори ин хати рели, коҳиши вобастагии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба қудратҳои хориҷ аз минтақа ва ҷилавгирӣ аз мудохилаи ин кишварҳо дар минтақааст. Дар Ин хусӯс Элизабет Вудс коршиноси масоили Осиёи Марказӣ тасреҳ кард, ин навъ ҳамкориҳои минтақаӣ боиси коҳиши нуфӯз ва нақшофаринӣ ва дахолати қудратҳои минтақа назири Амрико мешавад.

Дар як ҷанбадиии кулли метавон гуфт иловабар густариши муносиботи тиҷорӣ ва иқтисодӣ миёни секишвар Қазоқистон, Туркманистон ва Эрон ва ҳамчунин манофеъи иқтисодии роҳи оҳани минтақаӣ барои соири кишварҳои Осиёи Марказӣ, замина барои тавсиа  муносиботи сиёсӣ ва фарҳангӣ низ фароҳам  мегардад. Ҳамчунин ин ҳамкориҳо зимни гушоиши жеополетикии кишвраҳои маҳсур дар хушкии Осиёи Марказӣ, дар сурати тадовум, субот ва амнияти минтақаиро ба ҳамроҳ хоҳад дошт.

Бештар бихонед: