Ифтитоҳи хонаи тиҷорати Қирғизистон дар Кореяи ҷанубӣ
Хонаи тиҷорати Қирғизистон дар Кореяи ҷанубӣ ифтитоҳ шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, маросими ифтитоҳи расмии хонаи тиҷорати Қирғизистон дар Сеул-пойтахти Кореяи ҷанубӣ баргузор шуд .
Ҳадаф аз эҷоди хонаи тиҷорат таблиғи маҳсӯлоти Қирғизистон дар Кореяи ҷанубӣ аст .
Дар ин марказ маҳсулоти мавҷуди қирғизӣ дар бозори Кореяи ҷанубӣ ба намоиш гузошта мешавад .
Дар маросими ифтитоҳи марказ Айда Исмоилова-сафири Қирғизистон,Би Юнг Киёнг Ким-раиси Анҷумани воридкунандагони Кореяи ҷанубӣ , Ким Чонг Го ва Ким Ҳо Сунг-консулҳои ифтихории Қирғизистон дар ин кишвар ҳузур доштанд .
Исмоилова дар суханоне бар аҳамияти афзоиши ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ ишора ва ибрози умедворӣ кард, ки ба зӯдӣ маҳсӯлоти Қирғизистон дар марокизи хариди бузурги ин кишвар ба фурӯш мерасад, ки корофаринони кореяӣ аз сифати маҳсӯлоти Қирғизистон бисёр истиқбол кардаву алоқамандии худро барои арзаи маҳсӯлоти органикӣ иброз карданд .