Супоридани нишони Уқоби тиллоии Қазоқистон ба Қурбонқули Бердимуҳаммадов
Қосим Жормат Тоқаев, раиси Ҷумҳурии Қазоқистон дар дидори Қурбонқули Бердимуҳаммадов, раиси Маҷлиси маслиҳатии Туркманистон ба вай болотарин нишони мумтози кишвараш Уқоби тиллоиро эҳдо кард.
Нишони Уқоби тиллоӣ барои хизматҳои истисноии давлати супорида мешавад ва номзадҳои дарёфтии ин ҷоиза тавассути раиси Ҷумҳурии Қазоқистон таъин мешаванд.
Раиси Маҷлиси маслиҳатии Туркманистон бо Илҳом Алиев, раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон низ дидору гуфтугӯ кард.
Ба гузориши хабаргузории Форс, нишони Уқоби тиллоиро Қосим Жормат Тоқаев, раиси Ҷумҳурии Қазоқистон, ки барои ширкат дар иҷлоси шашуми сарони кишварҳои ҳошияи дарёи Хазар вориди Ишқобод шуда буд ба Қурбонқули Бердимуҳаммадов, раиси Маҷлиси маслиҳатии Туркманистон эҳдо кард.
Дар ин дидор Тоқаев зимни табрики солрӯзи таваллуди Бердимуҳаммадов гуфт: Туркманистон таҳти раҳбарии вай дар арсаи иҷтимоъӣ ва иқтисодӣ ба муваффақиятҳои чашмгири даст ёфта ва дар 30 соли барқарории равобити дипломотикии ду кившар акнун равобити Қазоқистон ва Туркманистон ба сатҳи бародари ва мушорикати роҳбурди расида аст.
Ҳар ду тараф ҳамчунин аз тавсеаи идомадори равобити тиҷорӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардустонаи дуҷониба қадрдонӣ карданд.
Шашумин нишасти даври иҷлоси сарони кишварҳои ҳошияи дарёи Хазар шомили Ҷумҳурии Исломии Эрон, Русия, Қазоқистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон асри имрӯз чоршанбе ба мизбонии Ишқобод оғоз шуд.