Эъломи омодагии Туркманистон барои кӯмак ба Узбакистон дар мавзуъи Қарақолпоқистон
(last modified Thu, 07 Jul 2022 07:11:38 GMT )
Июл 07, 2022 12:11 Asia/Dushanbe
  • Эъломи омодагии Туркманистон барои кӯмак ба Узбакистон дар мавзуъи Қарақолпоқистон
    Эъломи омодагии Туркманистон барои кӯмак ба Узбакистон дар мавзуъи Қарақолпоқистон

Вазорати хориҷаи Туркманистон эълом кард аз давлти Узбакистон ҳимоят мекунад ва омодаи ҳаргуна кумак ба кишвари дусту бародар аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Вазорати хориҷаи Тукрманистон дар баёнияи нисбат ба ҳаводисе, ки дар рузҳои ахир дар Ҷумҳурии Қарақолпоқистон рух дода аст ибрози нигаронӣ кард.

Дар ин баёния омада аст: Тарафи Туркманистон аз иқдомоти ба мавқеъ ва қотеъи раиси Ҷумҳурии Узбакистон барои ҳифзи назм ва иҷрои қонуни асосии дар ин кишвар аз амният ва оромиши мардум ҳимоят мекунад.

Мо бовари дорем, ки хирад, тарҷуба ва оянданигарие, ки дар қанрҳо дар бархурд бо мушкилоти бавуҷуд омада кумак мекунад ва тавсеаи тарақихоҳона ва пойдори Ҷумҳурии Узбакистон, суботи ниҳодҳои давлатӣ ва умумиро тазмин хоҳад кард.

Туркманистон ба унвони ҳамсояи наздики Узбакистон, ки пайвандҳои бародари, дусти ва ҳамкории наздикро бо ин кишвар дорад омодагии худро барои ироаи ҳимоятҳо ва кумакҳои лозим эълом медорад.