Хуруҷи Қазоқистон аз ҳайати Кумитаи муштараки арзии ИДМ
Қазоқистон аз Созишномаи ИДМ дар бораи Кумитаи муштараки арзӣ( асъор) хориҷ шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз Форс, бар асоси дастури Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон ин кишвар аз тавофуқномаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи Кумитаи муштараки арз, ки дар соли 1995 имзо шуда буд, хориҷ шуд.
Ин кумита бо мақсади мусоидат ба ташкили ҳамкориҳои бисёрҷониба дар соҳаи асъор ва қарз, ҳамоҳангсозӣ ва таҳаввули қонунҳои дахлдор, таҳияи шаклу усулҳои ҳамоҳангсозии сиёсати пулию қарзии давлатҳои аъзо таъсис ёфтааст.
Ба гуфтаи таҳлилгарони минтақа, Қазоқистон дар пайи ҳукми додгоҳи Новороссийски Русия дар бораи боздошти 30 рӯз аз фаъолияти Консорсиуми лӯлаи Хазар (CPC), ки нафти Қазоқистонро ба Баҳри Сиёҳ мебарад, тасмим гирифт, аз созишномаи дар боло зикршуда хориҷ шавад.
Русия имсол бори сеюм аст, ки ба далоили мухталиф интиқоли нафти Қазоқистонро ба бозорҳои ҷаҳонӣ тавассути қаламраваш маҳдуд кард.
Қазоқистон дар вокуниш ба ҳукми додгоҳи Новороссийск вуруди 1700 вагони ҳомили ангишти Русияро ба қаламрави худ манъ кард.