Толибон:Мушкилоти Афғонистон бо Тоҷикистон ҳал шудааст
Вазири хориҷаи Толибон гуфт: Мушкилоти мавҷуд миёни Афғонистону Тоҷикистон ҳал шуда ва ҳамсояи шимолӣ қавл додааст, то шароитро барои афзоиши равобити тиҷорӣ фароҳам кунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Амирхон Муттақӣ таи суханоне дар ҷамъи бозаргонони Қундуз афзуд : Давлати Тоҷикистон ваъда дода, ки имкониятҳои бештареро барои тиҷорат бо Афғонистон ба вуҷуд меоварад.
Вазири хориҷаи Толибон бо баёни ин ки талош барои табдили Афғонистон ба маркази тиҷорати минтақа дар ҷараён аст, изҳор дошт : Мушкилоти марзӣ миёни Афғонистону Покистон ҳал шуда ва барои осонсозии равобити тиҷоратӣ иқдомоте дар ҳоли анҷом аст .
Вай дар идома ба равобити дипломатӣ ишора кард ва гуфт : " Бархе сафоратхонаҳои Афғонистон дар хориҷ аз кишвар боз шуда ва барои бозгушоии сафоратҳои дигар низ иқдомот дар ҳоли иҷро аст . "
Муттақӣ дар бораи сафари ахири ҳайати Толибон ба Қатар низ гуфт : Дар Давҳа бо намояндаи вижаи Амрико дар хусӯси захираҳои арзии бандшуда ройзанӣ анҷом шуд ва умедворем ин музокирот натиҷаҳои мусбат ба ҳамроҳ дошта бошад .
Имсол мубодилоти тиҷорӣ миёни ду кишвар 40 миллион доллар буда, ки нисбат ба муддати мушобеҳ дар соли гузашта афзоиши 6 миллион долларӣ доштааст.