Июл 20, 2022 09:03 Asia/Dushanbe
  • Омодагии ширкати чинӣ барои истихроҷи маъданҳои Афғонистон

Ҳукумати Толибон аз омодагии як ширкати чинӣ барои истихроҷи маъданҳои Афғонистон хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садои Афғон ( Ово ) Нурулҳақ Анварӣ-муовини раиси идораи умӯри давлати муваққати Толибон рӯзи сешанбе дар тветте навишт : Ширкати чинии  «One Yes Tinaz» омодагии худро барои имзои қарордод ҷиҳати истихроҷи маодини Афғонистон эълом кардааст .
Дар замони ҳукумати пешин низ як ширкати чинӣ қарор буд кори истихроҷ аз маъдани миси Айнак дар Лугарро оғоз кунад, аммо ба далоили мухталиф  аз ҷумлаи ноамниҳо ва ёфтани осори бостонӣ ҳаффории ин маъдан мутаваққиф шуд .
Мақомҳои афғон пештари арзиши захоири табиии ин кишварро то се триллион доллар тахмин зада буданд . Ин тахмин дар соли 2010 анҷом шуда буд, аммо акнун мумкин аст арзиши ин захоир бештар бошад; чаро ки пас аз корона дар ҷаҳон қиматҳо аз мис гирифта то литиюм афзоиш ёфтааст.
Ҳоло баъд аз тасаллути дубораи Толибон ва банд шудани манобеи молии Афғонистон ва буҳрони иқтисодӣ дар ин кишвар бори дигар имкони бардошт аз ин манобеъи даромадзо барои Афғонистон матраҳ шудааст .