Июл 20, 2022 21:12 Asia/Dushanbe
  • Боздошти омили террористӣ наздики масҷиди шиъаён дар Кобул
    Боздошти омили террористӣ наздики масҷиди шиъаён дар Кобул

Раиси идораи иттилоъоти давлати муваққати Толибон аз боздошти як узви гуруҳи террористии ДИИШ пеш аз иҷрои амалиёти террористӣ дар масҷиди шиъаёни Кобул пойтахти Афғонистон хабар дод.

Афғонистон махсусан вилояти Кобул, Қундуз ва Балх дар моҳҳои ахир шоҳиди инфиҷорҳои маргбори буд, ки бар асари он садҳо нафар махсусан даҳҳо намозгузор ва донишомӯзи шиъа шаҳид ё маҷруҳ шуданд.

Бар асари инфиҷори яке аз мадрасаҳои Кобул дар бахши шиъанишин 26 донишомӯз ва сипас инфиҷори дигар дар масҷиди шиъаёни Мазори Шариф 30 намозгузори шиъа ба шаҳодат расиданд.

Масъулияти бештари ин ҳамалотро гуруҳи террористии ДИИШ бар уҳда гирифта аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, идораи иттилоъоти давлати Толибон чоршанбе эълом кард: Як омили террористии узви ДИИШ бо номи мустаъори Абухолидро пеш аз иҷрои амалиёт наздикии масҷиди шиъаёни Кобул боздошт карда аст.

Дар видеои, ки аз саӯи идораи иттилоъоти Толибон мунташир шуд, шахси боздоштшуда эътироф кард, ки қасди ҳамла ба шиъаёнро дошта аст.

Пас аз руи кор омадани давлти Толибон борҳо масҷидҳо ва маконҳои умумии шиъаён ҳадафи ҳамалоти маргбор қарор гирифта аст.

Масъулияти ин ҳамалотро аксаран ДИИШ бар уҳда мегирад.

 

Барчасп