Июл 21, 2022 09:37 Asia/Dushanbe
  • Сандуқи тавсиаи Маҷористон-Қирғизистон барои иртиқои ҳамкории иқтисодӣ байни Қирғизистон ва Маҷористон таъсис шуд
    Сандуқи тавсиаи Маҷористон-Қирғизистон барои иртиқои ҳамкории иқтисодӣ байни Қирғизистон ва Маҷористон таъсис шуд

Маҷористон нерӯгоҳҳои барқи обии кучик дар Қирғизистон тароҳи мекунад.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Оқилбек Ҷаборов нахуствазири Қирғизистон бо Лозлу Сол мудири иҷроии ширкати маҷористонӣ A-Hid дидор ва дар мавриди тароҳии нерӯгоҳҳои кучики барқи обӣ гуфтугӯ кард.

Дар дидор Ҷаборов гуфт: Тавсиа васохти нерӯгоҳои барқи обии кучик яке аз авлавиятҳои давлати Қирғизистон аст.

Вай таъкид кард мо омодаи иҷрои тарҳое дар заминаи барқи обии кучик ҳастем то истиқлоли энергияи кишварро тазмин куним.

Пас аз гуфтугӯ қарордоди ҳамкори байни Вазорати иқтисод ва бозаргонии Қирғизистон, Сандуқи тавсиаи Маҷористон- Қирғизистон ва ширкати A- Hid имзо шуд.

Бар асоси қарор доди имзо шуда, мутолеот барои интихоби маконҳои муносиб барои сохти нерӯгоҳҳои обии кучик бо мутолеоти имкон санҷии авалияи таъсисоти барқ дар миқёси кучик анҷом хоҳад шуд.

Дар чорчӯби ин тавофуқ, мавзӯъи таъмини моллии пружаҳо дар ҳавзаи нерӯгоҳҳои оби кучик низ истифода аз фурсатҳои Сандуқи тавсиаии Маҷористон ва Қирғизистон мавриди барраси қарор хоҳад гирифт.

Сандуқи тавсиаи Маҷористон-Қирғизистон барои иртиқои ҳамкории иқтисодӣ байни Қирғизистон ва Маҷористон таъсис шуд.

Ин Созмон дар кори худ таваҷҷӯҳи зиёде ба барқарории иртибототи тиҷорӣ ва эҷоди ҳамкори бо ширкатҳои маҷористонӣ дорад.

 

 

Барчасп