Июл 21, 2022 18:16 Asia/Dushanbe
  • Бистари шудани беш аз 4 ҳазор шаҳрванди Узбакистон бар асари гармо
    Бистари шудани беш аз 4 ҳазор шаҳрванди Узбакистон бар асари гармо

Афзоиши гармо дар Узбакистон беш аз 4 ҳазор шаҳрванди ин кишварро равонаи бемористон кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Вазорати тандурустии Узбакистон дар баёнияе эълом кард: аз 17 то 20 июл замоне, ки гармои ғайриоди дар Узбакистон шуруъ шуд ёрии таъҷилии ин кишвар беш аз 130 ҳазор тамос дарёфт карда аст.

Дар ин замина беш аз 23 ҳазор нафар дорои фишори хуни боло, тангии нафас ва дигар бемориҳо ҳастанд, ки аз ин теъдод беш аз 4 ҳазор нафар дар бемористон бистари шуданд.

Дар баёнияи Вазорати тандурусти омада аст бо таваҷҷуҳ ба гармои ҳаво дар Узбакистон кантроли махсуси аз сӯи ин вазоратхона эҷод шуда аст.

 

Барчасп