Таҳлил: Сафари вазири хориҷаи давлати Толибон ба Узбакистон
(last modified Mon, 25 Jul 2022 06:42:57 GMT )
Июл 25, 2022 11:42 Asia/Dushanbe
  • Иродаи ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои адами ба расмият шинохтани ҳокимияти Толибон дар Афғонистон тақвият шудааст
    Иродаи ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои адами ба расмият шинохтани ҳокимияти Толибон дар Афғонистон тақвият шудааст

Вазири умури хориҷаи Толибон барои ширкат дар нишасти байналмиллалии Афғонистон дар раъси як ҳайат озими Тошкент , пойтахти Узбакистон шуд.

 

Узбакистон пеш аз ин эълом карда буд, ки ба зуди як нишасти байналмиллалиро дар иртибот бо Афғонистон мизбонӣ хоҳад кард.

Ин нишаст дар ҳоле баргузор мешавад, ки боварии бисёре аз коршиносон, таҷрӯбаи гузашта нишон додааст, ки нишастҳои ин чунини суди чандоне барои наҷоти Афғонистон аз бӯҳрон надоштааст.

Сафари вазири хориҷаи давлати Толибон бо ҳадафи ҳузӯр дар нишасти байналмиллалӣ бо мавзӯъи Афғонистон дар шароите аст, ки нишастҳои қаблии минтақаӣ ва байналмиллалӣ дар бораи ин кишвар ба далели адами ҳамкори ва ҳамроҳии Толибон барои ташкили давлати фарогир дар Афғонистон ва бетаваҷӯҳи ба асли демократи ба натиҷае нарасидааст.

Дар моҳҳои нахусти қудрат ёфтани муҷаддади Толибон дар Афғонистон дар тобистони гузашта, бархе аз кишварҳои минтақа чанд давра нишасти шашҷониба бо ҳадафи кумак  ба барқарории субот ва оромиш дар ин кишвар баргузор карданд, ки ба далели нодида гирфтани Толибон матраҳ шудааст, дар ин нишастҳо ба хусус ташкили давлати фарогир бо мушорикати ҳамаи ақвом тавассути Толибон, ин иҷлос дастоварде надошт ва амалан ин нишастҳо мутавақиф шуд.

Дар шароите, ки давлати Толибон ҳозир  ба тамкин дар қиболи хостаҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар хусуси давлати фарогир, эҳтиром ба озодиҳои фардӣ ва иҷтимоъӣ ва муҳтарам шумурдани ҳуқуқи занон мешуд, қатъан нишастҳои минтақаӣ ва байналмиллалӣ дар бораи Афғонистон роҳеро ба ҷойе намебарад ва ҳазинаҳои ноши аз сиёсати худкомагии Толибон дар идораи ҳукуматро мардуми ин кишвар пардохт хоҳанд кард.

Равияи давлати Толибон ширкат дар нишастҳои минтақаӣ ва байналмиллалӣ бо ҳадафи ҷалби кумакҳои кишварҳои минтақа ва тарғиби онон ба пазириши расмии ҳокимияти ин гурӯҳ дар Афғонистон аст.

 

Бо таваҷҷӯҳ ба инки Толибон дар наздик ба як соли гузашта ва пас аз ба даст гирфтани қудрат дар Афғонистон, ҳеҷгуна иқдом ва ислоҳе дар сиёсатҳои худ аз ҷумла мушорикат додани ҳамаи ақвом дар фароянди давлатсозӣ иҷроии қонуни асосӣ ва муҳтарам шумурдани ҳуқуқи асосии мардум анҷом надодааст. Иродаи ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои адами ба расмият шинохтани ҳокимияти Толибон дар Афғонистон тақвият шудааст.

Ба тозагӣ Вон Брант сафири Иттиҳодияи Аврупо дар Афғонистон дар нишасти порлумони Аврупо ба сароҳат эълом кард, ки дар ҳоли ҳозир  иҷмоъи ҷомеъаи ҷаҳонӣ бар ин аст то Толибон ба расмият шинохта нашавад.

Суханони вай дар ҷамъи парлумони Аврупо, ки ба манзури истемоъи ривояти сафири Иттиҳодия Аврупо дар Афғонистон аз авзоъи ин кишвар матраҳ   шуд, метавонад ҳастаи сиёсатҳои Аврупо дар қиболи ин гурӯҳ дар оянда бошад.

Дар шароите, ки рӯз ба рӯз бе эътимоди ва тардиди ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар  ҳукумрони ва таваҷҷӯҳ ба нақши мардум дар ҳукумат афзоиш пайдо мекунад, нишастҳои минтақаӣ ва байналмиллалӣ дар бораи Афғонистон наметавонад барои берун рафтани  ин кишвар аз бӯҳронҳои кунунӣ роҳгушо бошад.

Бинобарин мизбонии Узбакистон аз нишасти байналмиллалӣ дар бораи Афғонистон, ки вазири хориҷаи Толибон дар ин нишаст ширкат кардааст, бар хилофи пешбиниҳои хушбинона аз натоиҷи он, наметавонад натоиҷи мутафовите аз нишастҳои қабли дар бораи Афғонистон дошта бошад.

Чунончӣ Толибон бихоҳанд нишастҳои минтақаӣ ва байналмиллалӣ ба заминае барои кумак ва пазиришҳи расмии ҳокимияти ин гурӯҳ тавассути дигар кишварҳо табдил шавад бояд дар сиёсавҳои худ таҷдиди назари ҷиддӣ кунад.

Бештар бихонед: