Гармои камсобиқа дар Қирғизистон ва мушкили таъмини барқ
Гармои камсобиқа дар Қирғизистон ва афзоиши масраф ин кишварро бо мушкили таъмини барқ рӯ ба рӯ кардааст.
Тақрибан тамомии кишварҳои минтақаи Осиёи Миёна мавҷи гармои бесобиқа дар 8 даҳаи гузаштаро таҷриба мекунанд. Афзоиши ҳарорат дар Қирғизистон ин кишварро бо мушкили таъмини барқ мувоҷеҳ кардааст.
Бо афзоиши масрафи рӯзонаи барқ дар тобистон, ширкати неруи барқи давлатии Қирғизистон дар мавриди эҳтимоли камбуди энержӣ ҳушдор дод ва аз масрафкунандагон хост сарфаҷӯии бештар кунанд.
Ширкати барқи Қирғизистон эълом кард, масрафи барқ дар 19 июли соли ҷорӣ дар қиёс бо муддати мушобеҳи соли қабл 20 дарсад афзоиш доштааст.
Бинобари оморҳои ҳавошиносӣ 18 июл ҳарорати ҳаво дар Мангистау, дар ғарби Қирғизистон ба 50 дараҷа расид.
Ширкати неруи барқи Қирғизистон ҳушдор дод, афзоиши масраф ва ҳамзамон коҳиши сатҳи об дар захоири садди Туктагул - таъминкунандаи 40 дарсади барқи масрафии ин кишвар, мушкили таъмини барқро ба дунбол хоҳад дошт.
Коҳиши сатҳи оби Туктагул, кишоварзӣ дар Узбакистон, Тоҷикистон ва Қазоқистонро низ бо мушкил рӯ ба рӯ кардааст.
Бештар бихонед: