Июл 27, 2022 13:00 Asia/Dushanbe
  • Амрико бидуни қайду шарт дороиҳои Афғонистонро озод кунад

Сарпарасти вазорати умӯри хориҷаи давлати Толибон озодсозии бе қайду шарти дороиҳои Афғонистонро аз тарафи Амрико хостор шуд.

Амрико пас аз ду даҳаи ишғоли Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 ҳамзамон бо вуруди неруҳои Толибон ба Кобул  неруҳои худро аз ин кишвар хориҷ кард . Ба дунболи он Вашингтон ба баҳонаҳои беасос ҳудуди 10 миллиард доллар аз дороиҳои мардуми Афғонистонро блока ва тасоҳуб ва ин кишварро таҳрим кардааст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Амирхони Муттақӣ дар суханони худ дар нишасти байналмиллалии Тошканд бо мавзӯи Афғонистон зимни таъкид бар зарурати озодсозии бе қайду шарти дороиҳои ин кишвар аз тарафи Амрико  гуфт : Таҳримҳои иқтисодии ин кишвар  фаъолиятҳои ниҳодҳои мухталифи Афғонистонро фалаҷ карда ва мардум қурбонии аслии ин таҳримҳо ҳастанд .
Вай зимни таъкид бар лағви таҳримҳои Амрико афзуд : Мардуми Афғонистон аз 20 соли ҷанге, ки Амрико бар мардум таҳмил кард, ранҷ мебарад, аз тарафе ҳам таҳти таҳрими иқтисодии Амрико ҳастем, ки яке аз авомили аслии фақр дар Афғонистон аст .
Ин мақоми давлати Толибон афзуд: Ин таҳримҳои Амрико на танҳо монеъ аз сармоягузориҳову ҳимоятҳои молии хориҷӣ шуда, балки боиси ихтилол дар фаъолиятҳои системаҳои молӣ ва бонкии мо шуда, ки дар ниҳоят маишату зиндагии мардумро бо мушкилот мувоҷеҳ кардааст.
Дар ҳамин ҳол Томас Вест-намояндаи вижаи Амрико дар умӯри Афғонистон дар суханоне дар нишасти Тошканд бо такрори ваъдаи беасос барои озодсозии дороиҳои ин кишвари ҷангзада муддаӣ шуд,ки Вашингтон омодаи гуфтугӯ бо Толибон дар мавриди озодсозии пулҳои блокашудаи Афғонистон аст .

 

Барчасп