Декабр 03, 2016 14:15 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури нозирони тоҷик дар интихоботи риёсатҷумҳурии Узбакистон

Се узви Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон интихоботи риёсатҷумҳурии Узбакистонро, ки фардо баргузор мешавад, назорат мекунанд.

Ба гузориши хабаргузории  “Азиа плюс”, Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, Ҷамшед Ҷамшедов, дабири илмии Академияи улум ва Носирҷон Салимӣ, раиси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон аъзои гурӯҳи нозирони тоҷик ба интихоботи риёсатҷумҳурии Узбакистон ҳастанд, ки ба ин манзур имрӯз ба Тошканд сафар кардаанд.

Дар интихоботи раёсатҷумҳурии Узбакистон Отамурод Сарвар аз Ҳизби демократ, Шавкат Мирзиёев аз Ҳизби либерал-демократ, Ҳотамҷон Китмонов аз Ҳизби демократии халқ ва Наримон Умаров аз Ҳизби сотсиал-демократ бо ҳам рақобат хоҳанд кард. Барои баргузор кардани интихоботи риёсатҷумҳурии Узбакистон се миллиону 789 ҳазор маркази овоздиҳӣ дар назар гирифта шуда, ки аз ин теъдод 44 марказаш дар кишварҳои хориҷӣ ҳастанд. Дар шаҳри Душанбе низ сафорати Узбакистон ба унвони маркази овоздиҳии интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар шароити лозимро барои ширкати шаҳрвандони Узбакистони муқими Тоҷикистон дар интихобот фароҳам кардааст.

Ислом Каримов, аввалин раисҷумҳури Узбакистон дувуми сентябр, дар 79-солагӣ бар асари сактаи мағзӣ даргузашт. Баъд аз даргузашти Ислом Каримов Шавкат Мирзиёев, нахуствазири собиқи ин кишвар идораи Ҳукумат Узбакистонро ба уҳда гирифт.