Мақоми қазоқ : Барномае барои интиқоли нафт аз масири Озарбойҷон надорем
Вазири энержии Қазоқистони овозаҳо дар мавриди қасди ин кишвар барои арзаи 1.5 миллион тон нафт аз тариқи хати лӯлаи нафти « Бокӯ - Тифлис - Ҷайҳон » бо давр задани Русияро рад кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , Болат Оқчолоков-вазири энержии Қазоқистон дар вокуниш ба иддаои хабаргузории « Райтер » аз қасди ин кишвар барои арзаи нафти худ аз тариқи Озарбойҷон бо давр задани Русияро рад кард .
Оқчолоков дар мавриди ин ки гуё Нурсултон қасд дорад аз сентябри имсол нафти худро аз тариқи хати лӯлаи нафти Озарбойҷон мунтақил кунад, гуфт : Консорсиюми хати лулаи Каспиян ( ширкати қазоқӣ – русӣ ) сӯдовартарин масир аз назари иқтисодӣ барои ҳамлу нақли нафт аст ва ҳифзи амалкарди бидӯни вақфаи он аз аҳдофи аслӣ аст .
Вай афзуд : Мавзӯи дигар ин аст, ки дар соли 2024 пас аз итмоми пружаи густариши ояндаи Тангиз мо интизори тавлиди изофии 12 миллион тон нафт дар Тангиз-ро дорем, ки ба эҳтимоли зиёд дар мавриди наҳваи арзаи он бояд фикр кард .
Вазири энержии Қазоқистон хотирнишон кард : Агар то он замон амалкарди консорсиюми хати лулаи нафти Каспиян пойдор бошад ҳамаи мушкилот бартараф мешавад ва ин масир ҳамчунон истифода хоҳад шуд . Илова бар ин консорсиюми хати лулаи Каспиян ҳамчунин дорои зарфиятҳои озодаст .
Вай афзуд : Дар мавриди гузорише ки дар хабаргузории Райтер мунташир шудааст метавон гуфт ки ин мавзӯ дар дасти баррасӣ нест ва дар воқеъ фикр намекунам, ки имрӯза тавофуқномае барои ҳамлу нақли нафт ( аз тариқи хати лӯлаи Боку – Тифлис Ҷайҳон ) имзо кунем .