Таҳлил: Дуввумин нишасти маҷмуаъи иқтисоди Созмони Ҳамкории Шанхай
Дуввумин маҷмуаъи иқтисодии Созмони Ҳамкории Шанхай аз субҳи рӯзи сешанбе 16-уми август дар Ташкенд пойтахти Узбакистон оғоз ба кор кардааст.
Дар чорчӯби ин нишасти дӯ рӯза, як барномаи иқдоми муштарак ба манзури гуфтугӯ дар мавриди густариши ҳамкориҳо дар бахши кишоварзӣ ва ҳамчунин мутолеъа ва иҷрои охарин фанновариҳо ва равишҳои кишоварзӣ бо ҳадафи афзоиши баҳраварӣ, муқовимат ба бемориҳои гиёҳи ва сарфаҷуӣ дар заминаи манобеъи об тадвин мешавад.
Ин дар ҳоле аст, ки ҳадафи асли аз баргузории нишасти Тошкенд, мутамаркиз шудан бар мушкилот ва чашмандозҳои тавсиаи тиҷорат, умури иқтисодӣ ва сармоягузории мутақобил ва ҳамкориҳои фарҳангӣ ва башардустона, барои тавсиаи иқдомоти муассир ҷиҳати эҷоди равобити густардатар дар фазои Созмони Ҳамкории Шанхай аст.
Дар ростои ин нишасти умуми, ҷаласоте низ муташакил аз коршиносон ва соҳиб назарони иқтисодӣ, нишастҳои дуҷониба миёни мақомоти ширкаткунанда низ барномарези шудааст. Ин нишастҳо ба манзури боз кардани потансели иқтисодии диҷитол, фанновариҳои сабз, ҳамкориҳои миёни манотиқ, эҷоди таъомули сармоягузорӣ, ҳамкории санъатӣ ва соири авлавиятҳо пешбини шудааст.
Дар ҳамин иртибот " Андрей Седваров" устоди донишгоҳои Русия ва соҳибназар дар умур сиёсӣ ва амниятӣ, ахиран дар гуфтугӯ бо хабаргузории Ирно дар Маскав, гуфта буд: "Созмони Ҳамкории Шанхай дар ростои муқобила бо низоми так қутби иддаҳои Амрико таъсис шудааст. Ба ҳамин далел, ин Созмон дар оянда нақши таъин кунандае дар барқарори низоми чанд қутбӣ бо қутбҳои ҷадиди қудрати аз ҷумла Эрон, Русия, Чин ва Ҳинд ифо хоҳад кард".
Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ибтидо ба манзури муқобила бо таҳдидҳои амниятии ҷадиди қарни бисту якуми мелодӣ таъсис шуд. Аммо мутақобилан ва бар асоси ниёзҳои аъзо ва рақобатҳои минтақаии рӯйкарди худро ба самти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, ҳамлу нақл ва транзет, умури энергия ва соири заминаҳои маътуф кардааст.
Муҷтамаӣ иқтисодии Созмони Ҳамкории Шанхай ба манзури табдил шудан ба як ташкилоти муассир на танҳо барои барқарории гуфтугӯҳо миёни давлатҳои узв, балки ба манзури таъомул миёни намояндагони маҳофили тиҷорӣ, ширкатҳо ва ҳамчунин ҷазби сармоягузорон дар манотиқи қазоии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай тарроҳи шудааст.
Дар ҳамин иртибот Мухтор Тилеуберди вазири умри хориҷаи Қазоқистон пеш дар нишасти руасои ниҳодҳои дипламатики кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тошкенд эҷоди маҷмуъаи паркҳои фанноварӣ ва хушаҳои навоварии Созмони Ҳамкории Шанхайро авомили интиқоли иқтисоди ин кишварҳо ба сатҳи ҷадиде аз тавсиаи фанновари эълом карда буд.
Раиси дипламатии Қазоқистон дар айни ҳол гуфта буд: Тақвияти ҳимояти занҷираи таъмини коло, тарвиҷи санъати хадамотии диҷитоли ва тиҷорати электроники дар фазои Созмони Ҳамкории Шанхай ба як вазифаи фаври табдил шудааст.
Вазири умури хориҷаи Қазоқистон ҳамчунин тасреҳ карда буд: Истифода аз арзҳои миллии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар ин амалиёт метавонад ба иртиқои ҳамкориҳо дар заминаи тиҷорат кумак кунад. Ин амр ба таври ҳамзамон ба афзоиши ҷазобияти сармоягузории кишварҳои узви ин Созмон кумак хоҳад кард.
Дар як ҷамъбандии кулли аз оғози кори дуввумин нишасти маҷмуъаии иқтисодии Созмони Ҳамкории Шанхай, бояд гуфт, бо пайвастани аъзои ҷадид ба ин Созмони байналмиллалӣ, нақши воқеъии ин Созмон ва ҳатто нақши так таки аъзои он барҷастатар хоҳад шуд. Дар ҳақиқат, бо такмил шудани тарҳи густариши ҳақиқии Созмони Ҳамкории Шанхай, ин Созмон имкони тағир дар бисёре аз рӯйкардҳои худро аз амниятӣ иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба даст хоҳад овард.
Ногуфта намонад, ки муқарар шудааст дар нишасти "Хива" дар моҳи ояндаи мелодӣ, асноди дигаре аз Созмони Ҳамкории Шанхай ба имзо бирасад. Бар асоси ин аснод, Эрон пас аз Ҳинд ва Покистон ба узвияти доими Созмони Ҳамкории Шанхай хоҳад пайваст. Қарор аст дар замминаи мубодилоти энергия ва ҳамкориҳои транзети, Эрон нақши аслиро дар Созмони Ҳамкории Шанхай ифо кунад.
Бештар бихонед:
- Баррасии 10 санад дар нишасти нахуствазирони Созмони Шанхай
-
Зарурати тақвияти ҳамкории кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай