Қазоқистон муштариии саҳоми Русия дар Бонки Рушти Авруосиё
Вазири дороии Қазоқистон мегӯяд кишвараш алоқаманд ба хариди бахше аз саҳоми Русия дар Бонки Рушди Авруосиё аст.
Бонки Рушди Авруосиё як муасисаи молии байналмиллалие аст, ки ба ибтикор руасои Ҷумҳӯри Русия ва Қазоқистон дар соли 2006 дар шаҳри Остона, таъсис шудааст. Маъмурияти аслии ин Бонк кумак ба рушди иқтисодии бозори кишварҳои узв, рушди иқтисоди пойдор ва густариши равобити тиҷорӣ- иқтисодии онҳо аз тариқи фаъолиятҳои сармоягузорӣ аст.
Тибқи асосномаи ин Бонк, соири давлатҳо ва Созмонҳои байналмиллалӣ низ метавонанд ба он мулҳақ шаванд.
Иловабар Русия ва Қазоқистон ба унвони муасисони Бонк, кишварҳои Арманистон, Тоҷикистон, Белорусия ва Қирғизистон низ дар солҳои гузашта ба узвияти ин Бонк даромадаанд.
-
Кумаки 40 миллион долларии Бонки рушди АвруОсиё ба Тоҷикистон
-
Кумаки ройгони 193 миллиондолларии Бонки рушди Осиё ба Тоҷикистон
Ба гузориши Садои Хуросон Ярвалон Жомобоев вазири дороии Қазоқистон гуфт: Тасмими ниҳои дар ин замина гирфта нашуда зеро бастаги ба ин дорад, ки чӣ саҳоми арза мешавад, оё соири кишварҳо аз ҷумла Қазоқистон, омодаи хариди саҳми хосе ҳастанд ё хайр ва аз назари молли ин амр чиқадар гарон хоҳад буд.
Бинобарин суханони вазири дорои Қазоқистон дар ҳоли ҳозир 36 дарсад сабат Бонки Рушди Авруосиё марбут ба ин кишвар, 39 дарсад ба Русия ва 23 дарсад низ марбут ба Беларусия аст.
Ҳаҷми феълии сабати Бонки Рушди Авруосиё 4.4 миллиар доллар аст.