Август 20, 2022 17:13 Asia/Dushanbe
  • Боқимондани ҳафт миллиард доллар таҷҳизоти амрикоӣ дар Афғонистон
    Боқимондани ҳафт миллиард доллар таҷҳизоти амрикоӣ дар Афғонистон

Боқимондани ҳафт миллиард доллар таҷҳизоти амрикоӣ дар Афғонистон.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз "Fox News" бар асоси гузориши ниҳоди бозрасии кулли Вазорати дифоъи Амрико бахши зиёди аз ҳафт миллард доллар таҷҳизоте, ки Амрико дар Афғонистон ҷо гузошта аст шомили мошинҳои ҷангии нерӯзи заминии Амрико монанди хадруви ҳомави ва хадруви муқовим дар баробари мини MRAPS буда аст.

Ҳамчунин бар асоси ин гузориш артиши Амрико илова бар ин мошинҳо, таҷҳизоти нерӯи ҳавоӣ худ ба арзиши 923.3 миллион доллар ба ҳамроҳи муҳимоти марбут ба ин таҷҳизоти ҳавоӣ ба арзиши 294.3 қабза силоҳи сабуки артиши Амрико шомили тактирандозҳо, тирборҳо ва дигар таҷҳизоти низомӣ ба арзиши 511.8 миллион доллар низ дар Афғонистон ҷо монд.

Дар моҳҳои баъд аз хуруҷи Амрико аз Афғонистон нерӯҳои Толибон дар ҷанд мавқеъият дар хиёбонҳо ин кишвар парада ба намоиш гузоштан таҷҳизоти низомии амрикоӣ ба ғанимат гирифта аз Амрико баргузор карданд.

Чанд қонунгузори ҷумҳурихоҳи амрикоӣ соли гузашта дар номае ба Лойд Остин, вазири дифоъи Амрико гуфтанд: Ин ғайриақлони аст, ки таҷҳизоти низомӣ бархурдор аз фановарии пешрафта, ки харҷи онҳо тавассути молиётдиҳандагони амрикоӣ пардохт шуд ба дасти Толибон ва муттаҳидони онҳо афтода аст.

 

Барчасп