Эъзоми пизишкони чинӣ ба Қирғизистон барои амали ҷароҳии ройгони оби марворид
Сафири Чин дар дидор бо нахуствазири Қирғизистон гуфт: Дар октябри соли ҷорӣ бо эъзоми чашмпизишкон ба Қирғизистон 550 амали ҷароҳии оби марвориди чашм ба таври ройгон барои шаҳрвандони ниёзманди қирғизӣ анҷом мешавад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Оқилбек Ҷаборов, нахуствазири Қирғизистон бо Ду Дивин, сафири Чин дар Бишкек дидор ва тарафайн дар мавриди мавзуъоти муҳими ҳамкориҳои дуҷониба бо тамаркузи вижа дар заминаҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, ҳамлу нақл ва лоҷестики гуфтугӯ карданд.
Сафири Чин зимни иблоғи паёми Лики Кечиёнг, нахуствазири шӯрои давлатии ҷумҳурии халқии Чин дар хусуси сохти роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбакистон гуфт: Ин як тарҳи минтақаи аст, ки барои иртиқои тавсеаи иқтисодӣ ва беҳбуди рифоҳи мардуми се кившар аҳамияти роҳбурди дорад. Тарафи чинӣ таъкид кард, ки ба лутфи талошҳои муштараки се тараф тавсеаи мутолеъоти имконсанҷии тарҳи сохти роҳи оҳан бо мувафақият оғоз шуда аст.
Ҷаборов низ бар аҳамияти авлавияти иҷрои тарҳи сохти роҳи оҳан барои Ҷумҳурии Қирғизистон таъкид карду гуфт: Тағири қобили таваҷуҳи дар иҷрои тарҳи сохти роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбакистон вуҷуд дорад ва умедворем ба зуди фози фаъоли ин тарҳ оғоз шавад, ҳамчунин қарор аст теъдоди парвозҳои байни Қирғизистон ва Чин то се бор дар ҳафта афзоиш ёбад.