Август 22, 2022 10:01 Asia/Dushanbe
  • Ин се кишвар натанҳо ҷузви хатарноктарин маконҳо барои имдодгарон ҳастанд
    Ин се кишвар натанҳо ҷузви хатарноктарин маконҳо барои имдодгарон ҳастанд

Созмони байналмиллалии имдодрасони тайи гузориши Афғонистон, Миёнмор ва Судони ҷанубиро маргбортарин кишварҳо барои имдодгарони байналмиллалӣ эълом кард.

Ба гузориши Садои Хуросон, ин Созмон эълом кард, бар асоси таҷзия ва таҳлиле, ки CAFE International  рӯйи иттилооти поёгоҳи иттилоотии амнияти коркунони кумакҳои башадӯстона анҷом шудааст, аз ибтидои соли ҷорӣ то кунун 44 имдодгар дар саросари ҷаҳон ҷони худро аз даст додаанд.

Бар асоси омори ироа шуда, 11 имдодгар дар Судони ҷануби, 8 тан дар Афғонистон ва 7 тан дар Миёнмор кушта шудаанд.

Ба ин тартиб, Афғонистон дуввумин кишвари маргбор барои имдодгарони байналмиллаӣ рутба банди шудааст.

Дар идомаи гузориш томодааст: Ин се кишвар натанҳо ҷузви хатарноктарин маконҳо барои имдодгарон ҳастанд, балки маконҳои фавқулода чолишбарангез барои шаҳрвандонашон низ ҳастанд ва наздик ба 40 миллион нафар дар саросари ин кишвар бо гурӯснаги рӯ ба рӯ ҳастанд.

Ҳамчунин дар ин гузориш ба 8 воксинотур ишора шудааст, ки дар феврали соли 2022 дар Қундуз ва Тахор аз сӯйи туфангдорони ношинос кушта шудаанд.