Нишасти Авруосиёи меҳвари ройзании нахуствазирони Қирғизистон, Русия, Арманистон ва Озарбойҷон
(last modified Mon, 22 Aug 2022 13:55:36 GMT )
Август 22, 2022 18:55 Asia/Dushanbe
  • Нишасти Авруосиёи меҳвари ройзании нахуствазирони Қирғизистон, Русия, Арманистон ва Озарбойҷон
    Нишасти Авруосиёи меҳвари ройзании нахуствазирони Қирғизистон, Русия, Арманистон ва Озарбойҷон

Нахуствазири Қирғизистон дар гуфтугӯ бо ҳамтоёни худ дар мавриди баргузории нишасти Авруоси ва тавсиаи ҳамкории тиҷорӣ ва иқтисодӣ гуфтугӯ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Оқилбек Ҷаборов, нахуствазири Қирғизистон бо Михаил Мишустин, нахуствзаири Русия телефони гуфтугӯ кард.

Ҳарду тараф мавзуъоти муҳими ҳамкории Қирғизистон ва Русия дар заминаи тиҷорӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардустонаро мавриди барраси қарор доданд.

Дар ин гуфтугӯ Ҷаборов ба нишасти ояндаи Шӯрои байни давлатии Авруосиё, ки ба раёсати Қирғизистон қарор аст дар 25 то 26 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Чупоното баргузор шавад ишора кард.

Вай зимни таваҷҷуҳи вижа ба таъмиқи ҳамкориҳои якпорчасози дар иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё аз ҳамтои руси худ даъват кард тодар ин нишаст ҳузур ёбад.

Нахуствазири Қирғизистон ҳамчунин дар суҳбати телефони бо Никол Пашиниён, нахуствазири Арманистон дар бораи мавзуъоти муҳими ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ ва муқадимоти нишасти шӯрои байни давлатии Авруосиё дар 25 то 26 августи соли ҷорӣ дар Қирғизистон баргузор шавад гуфтугғ кард.

Нахуствазири Қирғизистон бо Али Асадов ҳамтои Озарбойҷонии худ низ телефони гуфтугӯ кард.

Дар ин гуфтугӯ тарафйн дар мавриди иҷрои тавофуқоти ҳосилшуда байни сарони кишварҳо дар сафари Содир Ҷаборов, раиси Ҷумҳурии Қирғизистон ба Озарбойҷон ва ҳамчунин дар мавриди ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ гуфтугӯ карданд.