Август 24, 2022 16:27 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди Қирғизистон барои эҷоди маркази мубориза бо ҷиноятҳои байналмиллалӣ дар Бишкек
    Пешниҳоди Қирғизистон барои эҷоди маркази мубориза бо ҷиноятҳои байналмиллалӣ дар Бишкек

Вазири корҳои дохилаи Қирғизистон пешниҳоди эҷоди маркази мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи байналмиллалӣ дар Бишкекро матраҳ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Улон Ниёзбеков, вазири корҳои дохилаи Қирғизисон гуфт: Бо таваҷуҳ ба воқеъиятҳои кунуни метавон бо этминон гуфт, ки Созмони ҳамкори шархай аз як сохтори минтақаи ба як ҷомеъаи муътабари байналмиллалӣ табдиш шуда аст.

Вай идома дод: Ба вижа барои созмонҳои иҷро кунандаи қонун, Созмони ҳамкори шанхай заминаи муносиби барои тақвияти равобити мавҷуд ва ҳамкории наздиктар дар ҷанбаҳои ҳаёти эҷод мекунад.

Ниёзбеков таъкид кард: Бахшҳои авлавиятдори байни кишварҳои узви Созмони ҳамкори шанхай мубориза бо терроризм, ифротигароӣ, ҷудоиталабӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва қочоқи инсон аст, ки таҳдиди ҷидди барои ҳамаи ҷаҳон аст.

Вазири корҳои дохилаи қирғизистон афзуд: Имрӯз паёмадҳои як вазъияти нопойдор дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон таҳдиди билқувва дар бесубот кардани ҷомеъа ва фаъол кардани нерӯи радикол аст, ҳифзи суботи кишвар ва ҷомеъа вазифаи аслии ҳар кишвар аст.

Вай дар суханронии худ таъкид кард ҳифзи амният ба талоши муштараки ҳамаи тарафҳои зинафъ дар мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва қочоқи инсон бастаги дорад, авлавияти таъомул ва табодули иттилоъот дар ҳалли ҷиноятҳои созмонёфта бо ожонсҳои иҷрокунандаи қонуни кишварҳои узви Созмони ҳамкории шанхай аст.