Август 25, 2022 12:30 Asia/Dushanbe
  • Шавкат Мирзиёев Раиси Ҷумҳӯри Узбакистон ва Трент Келли ва Дэрин Лаҳуд намояндагони Конгресси Амрико дар шаҳри Тошкенд дидор кардаанд
    Шавкат Мирзиёев Раиси Ҷумҳӯри Узбакистон ва Трент Келли ва Дэрин Лаҳуд намояндагони Конгресси Амрико дар шаҳри Тошкенд дидор кардаанд

Раиси Ҷумҳӯри Узбакистон ва намояндагони Конгресси Амрико таҳкими беш аз пеши равобити роҳбӯрди ва густариши ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи байни дукишварро барраси карданд.

Ба гузориши Садои Хуросон, Шавкат Мирзиёев Раиси Ҷумҳӯри Узбакистон ва Трент Келли ва Дэрин Лаҳуд намояндагони Конгресси Амрико дар шаҳри Тошкенд таҳкими беш аз пеши равобити роҳбӯрдӣ ва густариши ҳамкориҳои ҳамаҷониба байни дукишварро барраси кардаанд.

Тарафайн бар тадоввуми мубодилоти фаъоли байни парлумонӣ ва ҳамкориҳои мутақобили илмӣ бо иёлатҳои Миссисипӣ ва  Иллинойс , ки намояндагони Конгресс дар он ҳузӯр доранд, таъкид карданд.

Дар ин дидор баён шуд, ки ҳаҷми мубодилоти бозаргонӣ байни дукишвар дар соли гузашта 53 дарсад ва аз ибтидои соли ҷории мелодӣ 20 дарсад афзоиш ёфтааст.

Раиси Ҷумҳӯри Узбакистон  фаъолияти гурӯҳи ҳамкори бо Узбакистонро, ки дар Конгресси Амрико  фаъолият мекунад, арзишманд хонд.

Дар ин дидор ҳамчунин густариши беш аз пеши ҳамкориҳоии  судманд дар заминаҳои беҳдошт, омӯзиш, кишоварзӣ, санъат ва фанновариҳои пешрафта баҳс ва барраси шуд.

 

Барчасп