Фақр ва омӯзиши динии нокофӣ: Омили тавсеаи ифротгароӣ дар Қазоқистон
(last modified Sun, 04 Dec 2016 06:26:06 GMT )
Декабр 04, 2016 11:26 Asia/Dushanbe
  • Фақр ва омӯзиши динии нокофӣ: Омили тавсеаи ифротгароӣ дар Қазоқистон

Яке аз мақомоти Вазорати дохилии Қазоқистон фақр ва паст будани саводи динӣ дар миёни мардум ба хусус ҷавононро иллати гароиш ба самти ифротгароӣ унвон кард.

   Ба гузориши хабаргузории Форс,  Давлат Иброев, яке аз мақомоти вазорати дохилии  Қазоқистон бо баёни ин ки яке аз иллатҳои гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, мушкилоти иҷтимоӣ аст, гуфт, бештари аъзои гурӯҳҳои ифротиро ҷавонони  25 то 35 солаи деҳотӣ ташкил медиҳанд.

   Вай афзуд, ин афрод дар хонаводаҳои фақир бузург шудаанд ва дар мактабҳо ва донишгоҳҳои олӣ омӯзиш надидаанд ва то замони зиндонӣ шудан низ кори доимӣ надоранд.

   Ин масъули Вазорати дохилии Қазоқистон афзуд, набуди муҳити солим ва вуҷуди фазои иҷтимоии олуда, боиси ҷазби ҷавонон дар гурӯҳҳои ифротӣ мешавад.

   Гуфтанист, дар солҳои ахир зиндонҳои Қазоқистон низ ба маконе барои омӯзиши пайравони гурӯҳҳои ифротӣ, аз ҷумла салафия табдил шудааст ва барои пешгирӣ аз густариши ин раванд, барномаҳое аз тарафи Идораи динии ин кишвар барои омузиши зиндонён иҷро шудааст.

   Дар Қазоқистон дар миёни созмонҳо ва гурӯҳҳои ифротӣ, фирқаи салафия дорои бештарин тарафдор аст.