Таъкиди раиси ҷумҳӯри Қирғизистон бар тавсеаву якпорчагии Авруосиё
(last modified Sat, 27 Aug 2022 12:43:33 GMT )
Август 27, 2022 17:43 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раиси ҷумҳӯри Қирғизистон бар тавсеаву якпорчагии Авруосиё

Раиси ҷумҳӯри Қирғизистон бар зарурати ҳаракати иттиҳодияи Авруосиё ба самти якпорчагӣ таъкид кард .

Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё иттҳоди иқтисодии байни кишварҳои Беларус, Қазоқистон, Русия, Қирғизистон ва Арманистон аст .
Муоҳидаи ташкили ин иттиҳодия дар 29 май 2014 тавассути Беларус, Қазоқистон ва Русия имзо шуд ва аз якуми январи 2015 лозимулиҷро гардид .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Содир Ҷабборов-раиси ҷумҳӯри Қирғизистон дар дидор бо нахуствазирони кишварҳои узви иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё, ки барои ширкат дар нишасти шӯрои байнидавлатии Авруосиё ба Чулпонатои Қирғизистон сафар кардаанд, афзоиши талошҳои муштарак барои тақвияти ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва тавсеаи коридорҳои ҳамлу нақли муштараку густариши равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ бо кишварҳои дигар ва анҷуманҳои минтақаиро хостор шуд .
Арманистон мизбони нишасти баъдии иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё ва кишварҳои ИДМ хоҳад буд .