Август 28, 2022 14:03 Asia/Dushanbe
  • Тавсеаи ҳамкориҳои тиҷории Қирғизистону Арабистони Саудӣ

Сафири Қирғизистон дар Арабистони Саудӣ дар дидор бо муовини вазири сармоягузории ин кишвар чашмандози тавсеаи ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ ва сармоягузориро баррасӣ кард.

Улуғбек Маъруфов, сафири Қирғизистон дар Арабистон дар дидор бо Муҳаммад Алҳасан, муовини вазири сармоягузории подшоҳии Арабистони Саудӣ чашмандози тавсеаи ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ ва сармоягузориро баррасӣ кард.

Тарафайн ба тавонмандиҳои тиҷориву иқтисодии фаровони мавҷуд байни кишварҳо ишора карданд, ки ҳанӯз ба таври комил иҷро нашудааст.

Маъруфов бар лузуми омодасозӣ ва баргузории маҷмаи тиҷории Қирғизистону Арабистон, ки қарор аст то поёни соли 2022 дар Қирғизистон бо ҳузури тоҷирони қирғизистонӣ ва саудӣ баргузор шавад, таъкид кард.

Сафири Қирғизистон ҳамчунин пешниҳоди эҷоди як шурои тиҷорӣ байни ду кишвар ва баргузории аввалин нишасти онро ба унвони бахше аз маҷмаи тиҷории оянда ироа дод.