Август 30, 2022 15:02 Asia/Dushanbe
  • Размоиши муштараки низомии кишварҳои ИДМ ва Паймони Шанхай

Неруҳои низомии кишварҳои ИДМ ва узви паймони Шанхай аз рӯзи чаҳоршанбе 1 сентябр размоиши муштараки низомӣ баргузор мекунанд.

Ба гузориши  хабаргузории ТАСС, беш аз 50 ҳазор нафар аз неруҳои мусаллаҳи кишварҳои узв бо 5000 адавоти сабук ва сангини низомӣ дар ин размоиш бо унвон "Vostok-2022" ширкат мекунанд.

Дар ин размоиш, ки то 7 сентябр дар минтақаи низомии шарқӣ, минтақаи муштараки Русия ва Шветсия, ки таҳти қаламрави Русия аст, идома хоҳад ёфт. Фармондиҳони низомӣ тактикҳои рӯзи офанду падофанду афзоиши маҳоратҳои дифоӣ дар 7 гуруҳи омӯзиширо барои афзоиши амнияти Русия ва кишварҳои узви Иттиҳоди Давлаиҳои Мустақил ва паймони Шанхай, иҷро мекунанд.

Барчасп