Мушорикати беш аз 86 дарсади раъйдиҳандагон дар интихоботи президентии Узбакистон
Комиссияи марказии интихоботи Узбакистон аз мушорикати 86, 62 дарсади мардум дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории “Тренд”, Мирзоулуғбек Абдусаломов, раиси Комиссияи марказии интихоботи Узбакистон гуфт, то соати 19-и рӯзи якшанбе ба вақти маҳаллӣ, беш аз 17 миллион нафар аз раъйдиҳандагон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар раъйи худро ба сандуқҳои раъйгирӣ андохтаанд.
Ба гуфтаи вай, дар ин интихобот 21 миллиону 435 ҳазор нафар раъйдиҳанда сабт шудаанд. Абдусаломов ҳамчунин афзуд, то кунун гузорише мабнӣ бар мушоҳидаи тахаллуф дар шӯъбаҳои раъйгирӣ дарёфт нашудааст.
Интихоботи раёсати ҷумҳурии Узбакистон соати 6-и субҳи рӯзи якшанбе ба вақти маҳаллӣ, дар ин кишвар оғоз шуд ва то соати 20-и имшаб бояд идома мекард, ки баъдан то соати 22-и шаб тамдид шуд.
Дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Узбакистон 4 номзад бо номҳои Наримон Умаров аз Ҳизби сотсиал -демократи мавсум ба “Адолат”, Ҳотамҷон Китмонов аз Ҳизби демократии халқ, Шавкат Мирзиёев аз Ҳизби либерал- демократӣ ва Сарвар Отамуродов аз Ҳизби демократии мавсум ба "Миллӣ тиклониш" рақобат доранд.