Декабр 04, 2016 20:56 Asia/Dushanbe
  • Музокироти Русия ва Қазоқистон дар бораи пойгоҳи Байконур

Раисҷумҳури Қазоқистон ва муовини нахуствазири Русия чигунагии тавсеаи пойгоҳи фазоии Байконур ва иртиқои саноеи дифоии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Нурсултон Назарбоев ва Дмитрий Рогозин дар Остона, пойтахти Қазоқистон дар шароите барои тавсеаи бузургтарин пойгоҳи фазоииӣ ҷаҳон гуфтугӯ карданд, ки Остона бо иҷрои барномаи тавсеаи ин пойгоҳ дар паи ҳифзи ин пойгоҳ баунвони бузургтарин шиносаи кишвари дар ҳоли тавсеаи Қазоқистон аст.

Маскав низ илова бар талош барои идомаи фаъолиятҳои фазоии худ дар ин пойгоҳ дар қолаби ҳамкориҳои фазоӣ бо тарафи қазоқӣ, дар паи ҳифзи фаъолиятҳои Русия дар Байконур ба унвони яке аз намодҳои қудрати Шӯравӣ аст. Бадеҳӣ аст, Русия контрол бар ин пойгоҳро ба масобеҳи ҳифзи сохту бофти иқтидори гузаштаи иттиҳоди Шӯравӣ дар муодилоти қудрат дар арсаи байналмилал медонад. Аз назари мақомоти Русия, афзоиши фаъолиятҳо ва тавонмандиҳои фазоӣ метавонад намоде аз эҳёи қудрати Кремлин дар таҳаввулот ва муодилоти байналмилалӣ бошад. Русия ба ҳамин далел дар идомаи талош барои ифои нақш дар таҳаввулоти ҷаҳонӣ, гушаи чашме низ ба тақвияти фаъолиятҳои фазоииӣ худ дорад.

Идомаи фаъолияти Русия дар Байконур баунвони бузургтарин, қадимитарин ва муҷаҳҳазтарин маркази фазоииӣ ҷаҳон метавонад талоше барои ҷуброни ҳамаи костиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар ду арсаи дохилӣ ва байналмилалӣ бошад. Шояд аз ин рӯст, ки илова бар баррасии чашмандози тавсеаи пойгоҳи фазоии Байконур, масоили марбут ба ҳамкориҳои дифоӣ ва таслеҳотии Русия ва Қазоқистон низ мавзуи гуфтугӯи мақомоти ду кишвар буд. Дар ин миён, Қазоқистон ба далели доштани зерсохтҳо ва вазъияти беҳтари шароити иқтисодӣ дар муқоиса бо соири ҷумҳуриҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, нақши ғайри қобили инкоре хоҳад дошт ва ин мавзуъ метавонад бистаре барои тақвияти престижи байналмилалии Қазоқистон бошад.

Русия акнун бар асоси тавофуқномае, ки то соли 2050 замонати иҷроӣ дорад, барои истифода аз пойгоҳи Байконур, солона 115 миллион доллар ба Қазоқистон мепардозад. Зимни инки Русия панҷоҳ миллион доллар дар сол барои нигаҳдорӣ ва таъмири таъсисоти Байконур ҳазина мекунад. Дар айни ҳол гуфтугӯҳои ахири мақомоти рус ва қазоқ дар бораи тавсеаи пойгоҳи фазоии Байконур нишон медиҳад, ки ихтилофоти дутараф дар бораи бархе осори зиёнбори зистмуҳитии ношӣ аз фаъолиятҳои ин пойгоҳ ба ҳадди ақал расидааст.

Ихтилофоте, ки сабаб шуда буд, Қазоқистон баунвони мизбони пойгоҳи фазоии Байконур, аз партоби се моҳвораи русӣ ба иллати муноқиша бар сари минтақаи фуруди мушак ҷилавгирӣ кунад.

Бо вуҷуди ин зоҳиран Русия ва Қазоқистон дар бораи партоби ракетаҳои дорои сарнишин аз маркази фазоии Байконур ба тавофуқи ҷомеъ нарасидаанд ва ин мавзуъ метавонад яке аз мавзуъҳои даври ҷадиди гуфтугӯи Қазоқистон ва Русия бошад.