Декабр 05, 2016 09:56 Asia/Dushanbe
  • Натоиҷи аввалияи интихоботи раёсатҷумҳурии Узбакистон имрӯз эълом мешавад

Раиси Комиссияи марказии интихоботи ҷумҳурии Узбакистон аз эъломи натоиҷи аввалияи интихоботи раёсатҷумҳурии зудҳангоми ин кишвар таи имрӯз хабар дод.

Ба иттилои хабаргузории Спутник, Мирзоулуғбек Абдулсаломов, раиси Комиссияи марказии интихоботи Узбакистон гуфт, натоиҷи аввалияи интихоботи зудҳангоми раёсатҷумҳурӣ имрӯз эълом мешавад.

Бар асоси ин гузориш, марокизи раъйгирии интихоботи раёсатҷумҳурии Узбакистон соати 8 шаби якшанбеи 4 декабр ба кори худ поён доданд ва Комиссияи марказии интихобот, сооте қабл аз он эълом кард, ки 87 дарсад аз раъйдиҳандагон орои худро ба сандуқҳо рехтаанд.

Комиссияи марказии интихоботи Узбакистон 21 миллион нафарро воҷиди шароити раъй додан дар ин интихобот эълом карда буд.

Ин нахустин интихобот дар Узбакистони баъди Ислом Каримов, раисҷумҳури фақид аст, ки 2 сентябри имсол даргузашт.

Дар интихоботи раёсатҷумҳурии Узбакистон, 4 тан бо асомии Наримон Умаров, аз Ҳизби сотсиал-демократ мавсум ба Адолат, Ҳотамҷон Китмонов, аз Ҳизби демократии халқ, Шавкат Мирзоев, аз Ҳизби либерал-демократ ва Сарвар Отамуродов аз Ҳизби демократии мавсум ба Миллий Тикланиш рақобат доранд.

Гузоришҳо ва гамоназаниҳои расонаӣ ва сиёсӣ ҳокӣ аз он аст, ки Шавкат Мирзоев барандаи ин интихобот хоҳад буд.

 

Барчасп