Таъсиси маркази ташхиси бемориҳо дар марзи Афғонистон - Покистон
Масъӯлони вилояти Нангарҳор дар шарқи Афғонистон аз таъсиси маркази ташхису назорати бемориҳои сирояткунанда дар шаҳраки марзии Турхам хабар доданд .
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Амир Муҳаммади Офтобӣ-раиси идораи беҳдошти вилояти Нангарҳор гуфт : Дар нишасте ки бо намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар шаҳраки Турхам дошта муқаддамоти таъсиси як маркази ташхису назорати амрози мусрй бо ҳамкории молӣ ва фаннии ин ниҳоди фароҳам шудааст .
Раиси идораи беҳдошти вилояти Нангарҳор гуфт : Дар ин марказ тамомии касоне, ки аз кишвари ҳамсояи Покистон вориди шаҳраки марзии Турхам мешаванд, мавриди озмоишҳои беҳдошту саломат қарор хоҳанд гирифт .
Вай ибрози умедворӣ кард бо таъсиси ин марказ зимни ҷилавгирӣ аз тараддуди афроди бемор дар ду суи марз, беморон мудово ё ба марокизи дармонӣ мунтақил хоҳанд шуд .
Бештар бихонед :