Сентябр 07, 2022 11:18 Asia/Dushanbe
  • Мардум барои таҳкими ҳукумат ҳамкорӣ кунанд

Сухангуи ҳукумати Толибон дар Донишгоҳи Кобул гуфт, толибон барои маҳори мушкилоту таҳкими пояҳои низом ба кумаки мардум эҳтиёҷ дорад.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангуи ҳукумати Толибон дар ҳамоиши «вазъияти кишвар, фурсатҳо ва чолишҳо» дар Донишгоҳи Кобул, гуфт, эҳтимол "фитнаҳо" дар кишвар вуҷуд дорад ва ҳукумати Толибон барои ҷилавгирӣ аз он тамоми талоши худро бакор мегирад.

Вай аз мардум хост, ки дар таҳкими пояҳои низом бо ҳукумат ҳамкорӣ кунанд, то чолишҳо ва мушкилоти Афғонистон ҳал гардад. Муҷоҳид афзуд, пас аз ҷанг дар Афғонистон чолишҳо ва фурсатҳои зиёде вуҷуд дорад, ки бо ҳамкорӣ ва талоши муштараки низом ва мардум метавон ба самти пешрафт ва тавсеа рафт.

Мавлавӣ Абдулбоқӣ Ҳаққонӣ, сарпарасти вазорати таҳсилоти олии ҳукумати Толибон ҳам бо ишора ба ба нақши ниҳодҳои омузишӣ дар ҳалли мушкилот ва чолишҳои кишвар, гуфт, инки мардуми Афғонистон беш аз чаҳор даҳа барои ҳифзи арзишҳои исломӣ ва миллии худ ҷангиданд ва тавонистанд истиқлоли худро ба даст оваранд, як ифтихор аст.

Вай изофа кард, аммо пас аз истиқлол низ мардум бо чолишҳо ва мушкилоте рӯбарӯ ҳастан , ки нақши ниҳодҳои омузишӣ ва аъзои ҳайати илмии кишвар дар рафъи ин мушкилот ҳоизи аҳаммият аст.

Усома Азиз, раиси Донишгоҳи Кобул ҳам дар ин нишаст, дар мавриди арзиши фаъолиятҳои илмӣ ва пажуҳишии ниҳодҳои омузишӣ дар ҳалли мушкилоти ҷомеъа суҳбат кард.

Дар ин нишаст теъдоде аз ҳуқуқдонҳо, пажуҳишгарону устодони донишгоҳ низ дар мавриди авзоъи Афғонистон ва нақши шаҳрвандон дар низом суҳбат ва роҳкор ироа карданд.

 

Барчасп