Сентябр 10, 2022 20:26 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Қазоқистон ва Қирғизистон дар мавриди осон намудани равияҳои тиҷорӣ
    Тавофуқи Қазоқистон ва Қирғизистон дар мавриди осон намудани равияҳои тиҷорӣ

Дар дидори вазири тиҷорати ва ҳамгароӣ Қазоқистон бо муъовини нахуствазири Қирғизистон дар мавриди содасозии равияҳои тиҷори байни ду кишвар тавофуқ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Серик Жамонгорин, муъовини нахуствазир ва вазири тиҷорат ва ҳамгароӣ Қазоқистон дар сафар ба Қирғизистон бо Одилбек Қосималиев, муъовини нахуствазир ин кишвар дидору гуфтугӯ кард.

Мақомоти аршади ду кишвар дар чорчуби ин дидор бо раванди иҷроӣ муҷтамаъ ва лоҷестикии саноати дар маҳдудаи посгоҳҳои Қарасу ва Оқтилк ошно шуданд.

Ҳамчунин дар чорчуби ни сафар вазири тиҷорат ва ҳамгароӣ Қазоқистон дар дувумин иҷлоси гуруҳи кори дар заминаи ҳамкории тиҷорӣ ва иқтисодии ду кишвар ширкат кард.

Жамонгорин дар суханони Қирғизистонро яке аз шарикони асосии тиҷорӣ ва иқтисодии Қазоқистон дар минатақаи Осияи Марказӣ хонду гуфт: Гардиши тиҷории байни ду кишвар дар январ то июни соли 2022 ба маблағи 495.3 миллион доллар буд, ки 5.7 дарсад бештар аз муддати мушобеҳи соли гузашта аст.

Вай идома дод: Аз ин ҳаҷми ҳамкории тиҷорӣ 303.3 миллион доллар ба содирот ва 192.3 миллион доллар ба воридот муртабит аст.

Ду тараф дар бахши дигар ба манзури афзоиши тиҷорати мутақобил дар мавриди арзаи мева ва сабзиҷоти зудрас аз Қирғизистон ба Қазоқистон тавофуқ карданд.