Сентябр 14, 2022 13:07 Asia/Dushanbe
  • Дидори Тоқаев бо муфтии аъзами Донишгоҳи Ал-Азҳар

Раисиҷумҳури Қазоқистон бо муфтии аъзами Донишгоҳи Донишгоҳи Ал-Азҳар дидор кард.

Қосим Жомарт Тоқаев бо Шайх Аҳмад Ал Тайиб, муфтии аъзами Донишгоҳи Ал-АзҳарЮ ки барои ширкат дар нишасти Маҷмаи байни адён вориди ин кишвар шудааст, дидор кард.

Вай гуфт: Мо Донишгоҳи Ал- Азҳар ба раёсати шуморо «фонӯси дарёӣ» медонем, ки нури арзишҳои дини муштараки мо, яъне Исломро мунташир мекунад. Бинобар ин барои мо бисёр муҳим аст, то дар гуфтугӯҳои раҳбарони адёни ҷаҳонӣ ва суннатӣ ҳамчун донишмандони марказе, ки мураввиҷи усӯли мудоро, истиқомат, сабр ва шафқат ҳастанд, ширкат кунанд.

Тоқаев дар бахши дигаре аз суханони худ Донишгоҳи Ал-Азҳарро маркази омӯзиши исломӣ ва муқобила бо ифротгароӣ унвон кард ва бобати шароите, ки барои донишҷӯёни қазоқ фароҳам карда қадрдонӣ кард.

Вай ҳамчунин хотирнишон кард, ки Ал- Азҳар дар тавсеаи омӯзишу пажӯҳиши исломӣ дар Қазоқистон саҳми қобили таваҷҷӯҳе дорад.

Аҳмад Ал Тайиб низ тайи ин дидор аз даъвати тарафи қазоқӣ барои ширкат дар нишасти Маҷмъи байни адёни ташаккур ва аз тарафи Абдулфаттоҳ Ал Сисӣ, раисиҷумҳури Миср саломи гарму орзӯи тавсеа ва пешрафт барои раҳбарӣ ва мардуми Қазоқистонро иблоғ кард.