Сентябр 14, 2022 18:41 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Сафари Раисӣ ба Узбакистон барои ҳузур дар иҷлоси Шанхай
    Таҳлил: Сафари Раисӣ ба Узбакистон барои ҳузур дар иҷлоси Шанхай

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба манзури ширкат дар иҷлоси сарони Созмони Ҳамкории Шанхай имрӯз чаҳоршанбе ба Узбакистон сафар кард.

Ҳузур ва суханрони дар бистудувумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, имзои 17 санади ҳамкори бо Узбакистон ва 10 мулоқот бо мақомоти кишварҳои мухталиф аз ҷумла Чин, Русия, ва Ҳинд аз ҷумла барномаҳои кории раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Самарқанд аст.

Эрон дар назар дорад имсол дар иҷлоси сарони Созмони Ҳамкории Шанхай дар Самарқанд ёдошти таъаҳуд барои пайвастан ба ин созмон имзо кунад, дар ислоси соли гузаштаи Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон дар сентябри соли 2021 бо оғози раванди узвияти доими Ҷумуҳрии Исломии Эрон дар ин созмон мувофиқат шуд.

Созмони Ҳамкории Шанхай, ки созмони байнидавлати аст дорои ҳашт узви доим яъне кишварҳои Ҳинд, Қирғизистон, Чин, Қазоқистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон аст чаҳор кишвари Афғонистон, Белорусия, Эрон ва Муғулистон низ ба унвони узви нозир ва шаш кишвари Озарбойҷон Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шриланка низ аз шарикони гуфтугӯ он маҳсуб мешаванд.

Бештарин ҳадафи ин созмон рушди ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ва ҳифзуи сулҳу амният ва субот дар минтақа аст.

Давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон низ дар ростои афзоиши таъомулоти мутавозин бо кишварҳо ва иртиботи густардатар бо ҳамсоягон ва кишварҳои минтақа раванди узвияти доим дар Созмони Ҳамкории Шанхайро пайгири карда аст.